МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ҶОИ КОР МЕКОФТ… МАРГИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОҒИ ҲАЙВОНОТИ “САЙЁРАИ МАЙМУНҲО”

Дар зоопарк, ё боғи ҳайвоноти “Сайёраи маймунҳо” (“Планета обезьян“), ки дар километри 47-уми шоҳроҳи Калуга, дар тақрибан 20- километрии шаҳри Подолски вилояти Маскав ҷойгир шудааст, як шаҳрванди хориҷӣ ҷон бохтааст. Ӯ ба ҷустуҷӯи кор ба ин боғи ҳайвонот омада буд. Ҷасади шаҳрванди 64-солаи Тоҷикистонро баъди 3 рӯзи мурданаш аз ҳуҷрае пайдо кардаанд, ки ӯ то ҳал шудани масъалаи ҷои кораш дар ин ҳуҷра мезист.

Дар ин бора хабаргузории русии “Регнум” аз қавли як манбаи худ хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 8 марти соли 2024 мудири боғи ҳайвоноти “Сайёраи маймунҳо” ба пулис хабар додааст, ки чанд рӯз пеш зодаи яке аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба ҷустуҷӯи кор ба корхонаи онҳо омада буд. Ба ӯ фаҳмондаанд, ки масъалаи ҷои кораш рӯзи 8 март ҳал мешавад ва то он вақт ӯ метавонад дар яке аз ҳуҷраҳои бинои сохтмонаш ҳанӯз нотамоми боғи ҳайвонот зиндагӣ кунад.

Ба гуфтаи мудири боғи ҳайвонот, аз он рӯз он мардро дигар касе надида буд. Рӯзи 8 март ба ҷустуҷӯи ӯ афтодаанд, то ҳуҷҷатҳояшро барои ба кор гирифтан дуруст кунанд. Вале дари ҳуҷрае, ки муҳоҷири тоҷик онҷо мезист, баста буд ва бо вуҷуди тақтақҳои зиёд касе дарро накушод. Баъди ин кормандон дарро зада шикаста, ба ҳуҷра даромадаанд ва дар рӯи кати хобаш ҷасади алакай сардшудаи муҳоҷири тоҷикро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Регнум”, “аз марги ӯ ягон 3 шабонарӯз гузашта буд. Бино ба ташхисҳои муқаддамотӣ, сабаби марги ӯ фишори баланд (гипертония) шудааст”.

Иддаои мудири боғи ҳайвонот дар бораи ин ки ин муҳоҷири тоҷикро ҳанӯз ба кор нагирифта буданд, метавонад рост набошад ва танҳо ба хотири аз ҳар навъ ҷавобгарӣ шона холӣ кардани маъмурияти ин корхона бошад. Зеро агар ӯро ба кор намегирифтанд, иҷозат намедоданд, ки чанд шабонарӯз дар яке аз ҳуҷраҳои боғи ҳайвонот шабҳои худро рӯз кунад.

Бино ба маълумоти бадастовардаи пулис, муҳоҷири фавтида ҳанӯз дар поёни соли 2019 аз Тоҷикистон ба Русия омада буд ва муҳлати сабти номаш ҳанӯз моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расида буд, вале ӯ дар Русия монд.

Аз ин маълумот бармеояд, ки ӯ беш аз 4 сол боз ягон бор ба Ватан нарафта буд. Акнун бармегардад. Барои бори охирин ва дар даруни тобут, то ки баъди солиёни зиндагиву мардикорӣ дар мулки мусофират билохира дар бистари хоки Ватан барои ҳамеша оромиш пайдо кунад…

Дар бораи шахсияти муҳоҷири фавтида ягон маълумот дода нашудааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Пулҳое, ки аз Русия ва асосан бо шарофати муҳоҷирон ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, як манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик ва ҳам як омили муҳими чархонандаи аробаи тиҷорат ва иқтисоди ин кишвар дониста мешавад.

Вале ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button