ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲодиса

ҶАВОНИ ТОҶИК БАХТОВАР МУРОДЗОДА БА КУШТОРИ ЯК САЙЁҲ ДАР ТАИЛАНД АЙБДОР МЕШАВАД

Бахтовар Муродзода ном ҷавони зодаи Тоҷикистон ба куштори як сайёҳ аз Русия дар курорт ё осоишгоҳи машҳури Пҳукет дар кишвари Таиланд дар ҷанубушарқи Осиё айбдор мешавад. Дар ин бора рӯзи 14 марти соли 2024 Телеграм-канали русии SHOT хабар дод.  Бино ба иттилои ин канал, шаҳрванди 41-солаи Русия Артур Мхитарянро дар дохили як хона, ки соҳибонаш онро ба макони кишти бангдона табдил дода буданд, бераҳмона бо чандин зарбаи корд куштаанд, вале нафари муттаҳам ба ин куштор тавонистааст, ки шаби 12 ба 13 март аз Таиланд ба Истанбул фирор кунад. Дар бораи инки оё Бахтовар Муродзода баъдан аз Истанбул ба куҷо фирор карда бошад?, хабаре дар даст нест.

Бино ба иттилои SHOT, пулиси ҷазираи Пҳукет ҷасади ба хун оғӯштаи шаҳрванди Русия Артур Мхитарянро (бино ба маълумоти манбаи дигар, гӯё насаби нафари кушташуда Гарникович аст) бо аломатҳои яқини марги иҷборӣ дар хонае пайдо кардааст, ки ҳамчун макони парвариш ва фурӯши бангдона истифода мешуд.

SHOT ҷараёни ҳодисаро чунин ба қалам додааст: “Дӯстдухтари марди кушташуда ҳанӯз чанд рӯз қабл дар бораи гум шудани ӯ бонги изтироб задааст. Ӯ ба ширкати мошинҳои иҷора, ки Артур дафъаи охир аз ин ширкати як мошини тамғаи “Honda City”-ро ба иҷора гирифта буд ва дар ширкат ба духтар бо барномаи GPS охирин макони исти мошинро нишон додаанд. Ин из ба як хонаи дуқабата дар кӯчаи Сой Сай Нам Йени маҳаллаи Чалонг овардааст. Духтар кӯшиш кардааст, ки ба хона дарояд, вале ҳамаи дарҳояш маҳкам будаанд. Ӯ ба пулис хабар медиҳад ва кормандони пулис дари хонаро кушода, дар дохилаш буттаҳои зиёди бангдонаро пайдо кардаанд. Ҳамчунин дар қабати якуми бино дар рӯи фарш ҷасади шаҳрванди Русияро бо захмҳои зиёди корд пайдор кардаанд. Яке аз зарбаҳои корд ба гардани ӯ зада шуда буд. Пулис бар ин назар аст, ки қабл аз куштор байни ин мард ва қотилаш занозанӣ шудааст”.

Бино ба иттилои ин Телеграм-канал, “дар ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Муродзода гумонбар дониста мешавад, вале ӯ алакай тавонистааст шаби 12 ба 13 марти соли 2024 Таиландро тарк карда, ба Истанбул парвоз кунад”.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки ин хонаро ба номи як зани сокини Таиланд барои дафтари як ширкати сайёҳӣ ба иҷора гирифта будаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки оё шаҳрванди Тоҷикистон Бахтовар Муродзода дар он хона кор мекард ва агар ҳа, чӣ кор мекард? Ва оё он сайёҳ аз Русия бо чӣ мақсад ба суроғи маргаш ба он суроға омада буд? Қарори маълум, шумори зиёди сайёҳон ба Таиланд нафақат барои истироҳат дар лаби баҳр, балки барои чашидан”-и боз дигар “нозу неъмат”-ҳои ин сарзамин, аз ҷумла барои “чашидан”-и маводи мухаддир мераванд. Таиланд ҳамчунин сайёҳонро  бо фоҳишахонаҳои гуногунаш ҷалб мекунад.

Худи Бахтовар Муродзода ваё наздиконаш то ҳол барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button