ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

ҶАСАДИ БА ДОР ОВЕХТАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ ПАЙДО КАРДААНД

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” 2 видеое расид, ки дар он чанд нафар дар ҳавои пурбарфи зимистон ҷасади дар як дарахт ба дор овехтаро аз ҳалқаи дор берун мекашанд.

Дар видеои якум дида мешавад, ки ҷасади овехтаи ин мардро аз як дарахт дар ҷангалаке дар канори як роҳи мошингард пайдо кардаанд. Чанд нафар, ки зоҳиран корманди пулисанд ва бархеаш либоси расмии пулис дар тан дорад, дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд ва яке аз онҳо бо нардбон ба болои дарахт баромада, банди дорро мебурад ва ҷасад ба болои замини пурбарф меафтад.

Маълум нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ваё ӯро ба дор овехтаанд?

Дар сабти дуюм дида мешавад, ки ҷасади ин мард ҳамчунон дар рӯи барф хобидааст ва наворбардор, ки чеҳрааш дида намешавад, мегӯяд, марҳум аз маҳаллаи “3-юм база” дар канораҳои шарқии шаҳри Душанбе будааст.

“Бомдод” ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри ин ду видео худдорӣ мекунад.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод” ва ҳам бар асоси хабарҳои дар гуруҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, аз ҷайби ин мард шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Асоев Маъруф Ҷамшедович, санаи таваллудаш 15 августи соли 1989 ёфт шудааст.  Ин шиносномаи хориҷӣ тоза моҳи июли соли 2023 аз ҷониби раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дода шудааст.

Тафсилоти дигари қазия дастрас нест. Ин ҳам маълум нест, ки ин ҳодиса кай ва дар куҷои Русия рух додааст?

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд. Аммо ҳар сол дар бораи дар Русия бо марги маҷбурӣ кушта шудани даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ хабарҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button