Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ҶАВОНЕ, КИ САРУ РӮЯШРО ХУДАШ ХУНШОР КАРДА, ХАБАРИ БАРДУРӮҒ ДОД, КИ ГӮЁ РОҲЗАНҲО 60 ҲАЗОРАШРО РАБУДААНД (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 2 марти соли 2024 аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки ба худаш ҷароҳат расонда, сипас ба милитсия дар бораи гӯё латтукӯб ва ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ғорат шуданаш маълумоти бардурӯғ додааст.

Милитсияи Хатлон мегӯяд, “дар баъзе мавридҳо шаҳрвандон бо мақсади рӯйпӯш намудани аъмоли ношоистаашон ба кирдоре даст мезананд, ки ба худу пайвандонашон доғ меорад”.  

Чунончӣ, шаби 1 марти соли ҷорӣ ба милитсия муроҷиати шаҳрванд Ҳабибов Беҳрӯз Сафаралиевич, санаи таваллудаш 11.02.1995, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷ.Румӣ, корманди бахши хизматрасонии ҶДММ “Файза” оид ба аз ҷониби 2 нафар шахси номаълум мавриди латукӯби шадид қарор гирифтану тасарруф кардани маблағҳои пулиаш ба миқдори 60 000 сомонӣ ворид гардидааст.

Аммо дар доираи таҳқиқи ин муроҷиат бо мақсади ошкор кардани ҷинояти вазнин кормандони милитсия маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ намуда, дар натиҷа муайян кардаанд, ки худи муроҷиаткунанда Ҳабибов Беҳрӯз аз соли 2022 инҷониб дар ширкати “Файза” ба ҳайси хизматрасони тиҷоратӣ фаъолият намуда, дар ин муддат 53 000 сомонӣ маблағҳои ширкатро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти худаш сарф кардааст.

Милитсияи Хатлон дар гузоришаш меафзояд: “Сипас, шаби 1 март, тахминан соатҳои 23.00, Ҳабибов Беҳрӯз бо мақсади рӯйпӯш намудани маблағҳои аз ширкати “Файза”  тасарруфкардааш дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар худро ба дохили ҷӯйбори обгузар партофта, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, сару рӯяшро олудаи хоку лой кардааст. Баъдан ба кормандони ширкат занг зада, иброз доштааст, ки гӯё 2 ҷавони ношинос ӯро мавриди латукӯб қарор дода, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида, 60 000 сомонӣ маблағҳои бо худ доштаашро, ки ба ҶДММ “Файза” тааллуқ дошт, тасарруф карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Баъдан Ҳабибов Беҳрӯз ба беморхона интиқол дода шуда, айнан чунин хабари бардурӯғро ба кормандони милитсия расонидааст, гарчанде барои расонидани хабари бардурӯғ оид ба содиршавии ҷинояти вазнин огоҳонида шуда, тариқи хаттӣ баёнот додааст”.

Дар ҳоли ҳозир, вобаста ба сохтакории ҷинояти вазнин ва расонидани хабари бардурӯғ оид ба содиршавии ҷинояти вазнини роҳзанӣ нисбат ба боздоштшуда Ҳабибов Беҳрӯз тибқи талаботи моддаи 346, қисм 2, бандҳои “а, в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва тафтишот идома дорад.

Худи Ҳабибов Беҳрӯз ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 346 барои дидаю дониста ба мақомот расондани хабари бардурӯғ бо нияти ғаразнок ва бо сохтакории ҷинояти вазнин ҳамчун ҷазо то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шаҳрҳое, ки дар он дӯзд зиндагӣ намекунанд, нашр карда намешаванд! гуяд:

    Як шармандагиро бо шармандагии дигар “рӯйпӯш” кардан, айни ҷаҳолат ва нодонӣ аст!
    Аз қадим гуфтаанд: “бори каҷ ба манзил намерасад!” Дар ин синнусол кӯҳро чаппа мекунӣ, ба ҷойи кӯҳ 60-ҳазор сомонии ширкати “файза”-(лӣ)-ро “чаппа” кардӣ, ку?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button