ВидеоҶомеа

НАШРИ АКСҲОИ ПАДАР ВА 4 ФАРЗАНДАШ, КИ АЗ ДУДИ АНГИШТ ҶОН БОХТАНД

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои падар ва 4 фарзандаш аз маҳаллаи “Гранзавод”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки шаби 27 ба 28 феврали соли 2024 аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд, нашр шуд ва ин фоҷиаи талхро дигарбора вирди забонҳо кард. Дар ин ҳодисаи фоҷиавӣ модари ин тифлони маъсум низ ҷон дод, вале акси ӯ нашр нашудааст. Садҳо нафар барои аъзои ин хонаводаи номурод даст ба дуо кушода, барояшон охирати обод орзу кардаанд. Корбарон ҳамин тавр, бори дигар мақомоти соҳаи барқи Тоҷикистонро ба бемасъулиятӣ айбдор карда, гуфтаанд, мутаассифона, мушкили даҳсолаҳо боз ҳалношуда боқӣ мондаи бебарқӣ боиси марги инсонҳо шуда истодааст.

Қаблан хабар дода будем, ки шаби 27 ба 28 феврали соли 2024 6 узви як хонаводаи сокини маҳаллаи “Гранзавод”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, 6 узви як оила: падару модар ва 4 фарзанди хурдсоли онҳо шаб дар бинои № 284/1 дар маҳаллаи “Гранзавод” заҳролуд шудаанд, вале ҷасадҳои онҳоро ҳамсояҳо соати тақрибан 11-и рӯзи 28 феврал пайдо кардаанд. Маҳаллаи “Гранзавод” дар канораҳои ҷанубии пойтахти Тоҷикистон, дар тарафҳои Гулбутта ҷойгир шудааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки ин оилаи хонаи худро тавассути бухорӣ (печка) гарм мекард ва мутаассифона, шаби 27 ба 28 феврал, вақте ки ҳамаи онҳо хоб буданд, аз бухорӣ дуди карбон хориҷ шуда, сабаби марги ҳамаи 6 бошандаи хона шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, падари хонавода 38 сол, модарашон 37 сол дошта, фарзандони фавтидаи онҳо 11, 9, 8 ва 6-сола буданд.

Рӯзи 28 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои 6 тобуте нашр шуд, ки дар саҳни як масҷид гузошта шудаанд. Муаллифи видео гуфт, инҳо 6 узви як оила буда, аз дуди ангишт ҷон додаанд. Бино ба ин сабт, ҳамаи фавтидагонро рӯзи 28 феврал ба хок супурдаанд.

Марги якбора 6 нафар аз дуди ангишт дар ҳолест, ки рӯзҳои охир бо вуҷуди барфу боришт ва сардии фавқулодда қадами номубораки лимити барқ то ба пойтахт, шаҳри Душанбе низ расид ва бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар масъулонро дар марги ин 6 узви як хонавода гунаҳкор мекунанд.

Сокинони Душанбе мегӯянд, лимити барқ зиндагии онҳоро дар биноҳои баландошёна тоқатфарсо карда, хонаҳояшонро амалан ба “яхдони бетонӣ” табдил додааст.

Тоҷикистон, ки президенташ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш аз  поёни даврони лимити барқ ва ба моли таърих табдил ёфтани лимит ҳарф мезаданд, дар фасли сармои имсола ба лимити барои чандин соли охир бесобиқа дар ин кишвар рӯ ба рӯ шуд. Амалан аз поёни моҳи сентябр ба ин тараф аксари минтақаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5 ило 6 соат нирӯи барқ мегиранд. Дар аввали ҳафтаи равон мақомот бархе шаҳрҳо низ аз ҷорӣ шудани лимити барқ хабар доданд.

Масъулон чун ҳамеша кам шудани сатҳи об дар обанборҳо, аз ҷумла дар обанбори бузургтарин нирӯгоҳи ҷумҳурӣ, нирӯгоҳи Норакро далели ҷорӣ шудани лимит ном мебаранд. Вале мунтақидон мегӯянд, асли гап дар фурӯши бебаркаши нирӯи барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистон аст, ки тавассути схемаҳои коррупсионӣ сурат гирифта, ба давлат ягон фоида намеорад, балки ҳамаи пулаш ба кисаи чанд нафар мерезад. Мунтақидон мегӯянд, агар аз ин барқфурӯшиҳо фоидае мешуд, қарзи “Барқи Тоҷик” ба 3 миллиард доллар намерасид.

Возможно, это изображение 1 человек, борода и улыбается
Возможно, это изображение 3 человека, ребенок, люди улыбаются и текст
Возможно, это изображение 1 человек, ребенок и текст
Возможно, это изображение цветок и текст «15:50 аллохи мехробон чой хамата бихишт кна»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button