ВидеоКоррупсияМуҳоҷиронНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

“ЮРИШ”-И “ПОЛКОВНИК БАҲРОМ” БА ХОНАИ МОДАРИ ЯК СОҲИБКОР: “БАЧААТ 2 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҚАРЗ ДОРАД, БИОЯД, ГАПЗАНОН КУНЕМ!”

Фарҳод Юлдошев, як соҳибкори муваффақи тоҷик, ки дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ва ҳамчунин дар зодгоҳаш, вилояти Суғди Тоҷикистон тиҷоратҳои комёб дорад, рӯзи 1 марти соли 2024 ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз нафаре бо номи “Баҳром” шикоят  кард, ки худро “полковник” ва “корманди ВКД” муаррифӣ мекард ва зоҳиран бо мақсади пул кандан модари солхӯрдаи ӯро дар шаҳри Бӯстон мавриди таъқибу тергав ва истинтоқ қарор дода, билохира сабаби ба бемории саратон гирифтор шудани ин зани 70-сола шудааст.

Бино ба нақли Фарҳод Юлдошев, “Баҳром” моҳи ноябри соли 2023 ду дафъа ба хонаи онҳо дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск), кӯчаи Темурмалик, хонаи №22, “юриш” карда, модарашро Раҷаббӣ Юлдошеваро тарсондааст, ки гӯё писари ӯ, яъне Фарҳод Юлдошев 2 миллион доллар қарздор аст ва бояд ҳатман ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир шуда, “масъалаашро гапзанон кунад”. Ин “юриши якум” ончунон ногаҳонӣ буд, ки наздикони Фарҳод Юлдошев ҳатто фурсати ба навор гирифтанашро наёфтаанд. Онҳо мегӯянд, “Баҳром” бидуни ибо ва нишон додани ягон ордер даруни ҳуҷраҳои онҳо зада даромад ва аз дигар бошандагони хона ҳам киву чикора буданашонро мепурсид ва аз модари Фарҳод Юлдошев талаб мекард, ки “ба писарат занг зан, ки омада, масъалаи қарзашро гапзанон кунад”.

Дафъаи дуюме, ки “Баҳром” боз ҳам ба суроғи Фарҳод Юлдошев ба хонаи модари ӯ омад, аҳли хонавода ин дафъа омодагӣ дида буданд ва ҷараёни гуфтугузор бо ӯро сабт карданд. Як нусхаи ин навор ва гуфтугӯҳои телефонии Фарҳод Юлдошев бо “Баҳром” дар дасти идораи “Бомдод” низ ҳаст ва дар навор дида мешавад, ки “Баҳром” ҳатто баъди фаҳмидани инки ӯро ба навор гирифта истодаанд, ягон парво ё эҳсоси тарс намекунад ва ҳамчунон пуррӯёна талаб мекунад, ки “Фарҳод ба ман занг занад ва масъалаи қарзашро гапзанон кунад!”

Ӯ дар ин навор бори дигар худро “полковник” ва “корманди ВКД” муаррифӣ мекунад ва ҳатто як ҳуҷҷати сурхи монанд ба ҳуҷҷатҳои хидматии кормандони милитсияро нишон дода, мегӯяд, “ман ягон бандит нестам, полковникам ва аз ВКД омадаам”.

“Баҳром” мегӯяд, ки гӯё бо супориши Прокуратураи генералӣ ба суроғи Фарҳод Юлдошев омадааст, чунки гӯё Прокуратураи генералӣ ба зидди Фарҳод парванда кушодааст ва аз ӯ хостаанд ки рафта, макони будубоши ӯро маълум ва барои баёнот додан ҳозираш кунад. Ҳарчанд ин иддао хеле машкук ба назар мерасад, зеро на Прокуратураи генералӣ ва на ВКД барои муайян кардани макони будубоши шахс кормандаш бо рутбаи баланди полковникро намефиристад. Ба болои ин, кадом полковник аз Душанбе хеста, чандсад километр роҳро тай карда, ба шаҳри Бӯстон меравад ва фақат барои ин ки бифаҳмад, ки оё Фарҳод Юлдошев дар хонааш аст ё дар Русия? Одатан (агар дар воқеъ касе аз Прокуратураи генералӣ аз Юлдошев баёнот гирифтанӣ бошад), аз Душанбе ба  додситонӣ ё шуъбаи милитсияи ноҳия занг мезананд ва аз онҷо нозири минтақавиро супориш медиҳанд, ки ба хонаи Юлдошев биравад ва манзури онҳоро бирасонад.

Фарҳод Юлдошев мегӯяд, ки баъди ин ду “юриш” ба рақами телефоне, ки “полковник Баҳром” ба наздиконаш дода буд (+992 927424449), занг зад. Дар сабти ин суҳбат шунида мешавад, ки “Баҳром” бори дигар худро “корманди ВКД” муаррифӣ мекунад ва иддао мекунад, ки ба зидди Юлдошев дар Прокуратураи генералӣ бар асоси даъвои Азиз ном шахс парванда кушодаанд ва ӯро айбдор мекунанд, ки гӯё аз Азиз 2 миллион доллар қарздор будааст.

“Полковник Баҳром” дар ин суҳбат низ ба Фарҳод пешниҳод мекунад, ки масъалаи қарзашро бояд “гапзанон” кунад. “Гапзанон” дар шеваи гуфтугӯ, ё сленги мансабдорони коррупсионер дар Тоҷикистон маънои ягон сӯм дода, ҳал кардани масъаларо дорад.

Аммо Фарҳод мегӯяд, аз касе қарздор нест ва аз “Баҳром” талаб мекунад, ки ба ӯ ному насаби мушаххас ва рақами телефони он корманди Прокуратураи генералиро, ки гӯё ба зидди ӯ парванда кушодааст, бидиҳад. “Баҳром” мегӯяд, дар берун аст, вале ваъда медиҳад, ки баробари ба ҷои кор омаданаш рақами телефони корманди Прокуратураи генералиро ба Фарҳод мефиристад.

Фарҳод Юлдошев гуфт, аз моҳи ноябри соли 2023 инак беш аз се моҳ гузашт, вале “Баҳром” дигар на телефони Прокуратураи генералиро дод ва на ягон бор тарафи хонаи онҳо боре тоб хӯрд.

“Баҳром” ҳамин тавр, рақами корманди Прокуратураи генералиро ҳам ба Фарҳод Юлдошев нафиристод ва моҳи феврали соли 2024, вақте Юлдошев аз нав ба “Баҳром” занг заду пурсид, ки чаро омаду модари ӯро тарсонд, “полковник” аз тарс суҳбатро қатъ кард ва дигар телефонашро набардошт.

“Чунин ба назар мерасад, ки аз куҷое маълумот пайдо кардааст, ки ман дар Русия одами сармоядорам ва ба ин роҳ хостааст, ки “храп” зада, пул биканад. Вале вақте дид, ки ба вай касе пуле доданӣ нест, думро хода кард”, – мегӯяд Фарҳод Юлдошев.

Ӯ афзуд, ки ин моҷароро зиёд ҷиддӣ намегирифт ва дунбол карданӣ ҳам набуд, вале “Баҳром” дар ҷараёни он ду “юриш” модари солхӯрдаашро сахт тарсонд ва ахиран, вақте ки модараш барои табобати чашмаш ба табибон муроҷиат кард, ташхисҳо нишон доданд, ки ӯ гирифтори саратон шудааст. Фарҳод Юлдошев дар ин “полковник Баҳром”-ро гунаҳкор мешуморад ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мехоҳад, то ӯро пайдо карда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашонанд. Ба хусус ВКД ва Прокуратураи генералӣ, чунки “Баҳром” аз номи ҳамин ду ниҳод сӯиистифода мекард.

“Гап дар сари ин аст, ки тавре аз равиши суҳбатҳои таҳдидомези “Баҳром” мушоҳида мешуд ва ман баъдан тавассути каналҳои худам ҳам муайян кардам, ин нафар ҳамеша даст ба чунин шантажҳо зада, бо сӯиистифода аз номи мақомот пул кор мекардааст. Чунин нафарон обрӯ ва эътибори мақомотро паст мезананд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд, то чунин амалро такрор карда натавонанд. Ман ба ҳамин мақсад ба мақомот муроҷиат мекунам, ки нисбат ба “Баҳром” чораҳои қонунӣ бияндешанд”, – гуфт Фарҳод Юлдошев.

Фарҳод Юлдошев зодаи шаҳри Бӯстон буда, аз соли1999 ба ин тараф ҳар сол ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт. Ӯ дар Русия тиҷорати худро ба роҳ монд ва соли 2012 зану фарзандонашро низ бо худ бурд. Фарҳод Юлдошев муассис ва раҳбари ширкати “Газ Алтернатива” аст, ки дар деҳаи Сууқ- Чашмаи ҷумҳурии Бошқирдистони Русия сабти ном шуда,Ю яке аз ширкатҳои комёб дар соҳаи газ ба шумор меравад.

Ӯ дар Тоҷикистон низ, дар сари роҳи Ғафуров – Хуҷанд як маркази хидматрасонии таҷҳизоти газӣ бо номи “Атикер – Маҳсулоти газӣ” сохта буд. Номи Фарҳод Юлдошев дар моҳи декабри соли 2019 барои  ин марказ дар сархати ахбори расонаҳо афтод, зеро ӯ  дар шишаи тирезаи он эълоне овехт бо чунин мазмун:

“«Ба фурӯш гузошта шудааст. Корманди андоз Ҳусейнзода Бедил 500 доллар моҳона  доля талаб дорад.»”

Ин эълон он вақт сарусадои зиёде ба по кард. Ҳарчанд мақомот кӯшиш мекарданд, ки аз ин соҳибкор “доля” талаб кардани сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон Бедил Ҳусейнзодаро рад кунанд, вале ба ҳар сурат, ин моҷаро боис шуд, ки алакай баъди ду моҳ, дар моҳи феврали соли 2020 Ҳусейнзодаро хапу хомӯш аз мансаби сардори андози Бӯстон бигиранд.

Корбарони тоҷик бисёр вақт аз он изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки чаро аз байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия то ҳол миллиардерҳое, мисли зодагони Ӯзбекистон Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов, барнамехезанд? Магар чунин лошахӯрхое, мисли ин “полковник Баҳром”, имкон медиҳанд, ки бачаҳои тоҷик ба пои худ рост шаванд ва дороиҳояшонро ба миллиону сипас мисли  Алишер Усмонов ва Искандар Маҳмудов ба миллиард бирасонанд? Ҳеҷ гоҳ!

Ба ин далел, хуб мешуд, ки Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, ва Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар ин қазия дастбакор шаванд ва дар асл киву корманди куҷо будани ин “полковник Баҳром”ро муайян кунанд ва ӯро ба сазои аъмолаш бирасонанд. Ва ба чунон тарзе, ки дигар касе  натавонад, ки бо чунин пуррӯӣ ба мисли ин “полковник Баҳром” ба сӯиистифода аз номи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳатто ҷуръат кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button