ВидеоМуҳоҷиронҲодисаҶомеа

ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ АЗ СӮИ ҲАМДЕҲАГОНАШ БАРОИ … ДУ ОБЪЕКТИ КОРӢ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” тафсилоти чӣ гуна дар Руси  кушта шудани як муҳоҷири тоҷикро нақл кард ва хабар дод, ки мутаассифона, Баҳром Алиқулов аз деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии Панҷакентро ҳам моҳи марти соли 2021 дар мулки мусофирӣ ҳамдеҳагони худаш бародарон Соҳибназар ва Ҷаҳонбек Юсуповҳо, ки мисли ӯ дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд, бо як бераҳмии махсус куштаанд. Сабаби Алиқуловро куштану ҳатто гулӯи ӯро буридани бародарон Юсуповҳо, бино ба хулосаи тафтишот, баҳси онҳо бар сари объектҳои корӣ дар бӯстонсаройҳои “Парус” ва “Лесной” шудааст.

28 марти соли 2021 дар канори роҳи мошингарди Ходково – Дмитров дар фосилаи 1,7 километр аз деҳаи Новожелтиково дар наздикии шаҳри Сергиев Посад дар вилояти Маскави Русия ҷасади  шаҳрванди Тоҷикистон Алиқулов Баҳром Раҳимович, соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент дар дохили борхалта бо гулӯи бурида ва дигар аломатҳои баръало намудори марги маҷбурӣ дар баданаш ёфт шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Сергиев Посад дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Ҷанозаи Баҳром Алиқуловро наздиконаш ба Тоҷикистон бурда, дар Киштӯдак ба хок супурданд.

Ғулом Алиқулов, бародари Баҳром Алиқулов мегӯяд, ки ӯ 22 сол боз паиҳам ҳар сол ба мардикорӣ мерафт ва дар ниҳоят дар мусофират ҷон ба Ҳақ таслим кард: “22 сол боз ба муҳоҷирати корӣ мерафтанд, ба ягон кас зарараш нарасида буд. Баракс, агар аз дасташ меомад, ба ҳама ёрдам медод…”
Мақомоти тафтишотии Русия гумонбаршавандагон дар куштори бераҳмонаи Баҳром Алиқуловро зуд муайян карданд, ки ҳамватанҳои худашанд. Вале азбаски гумонбаршавандагон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ин парванда дар ними роҳ нотамом монд ва идомаи тафтиш ба дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон афтод.

Моҳи ноябри соли 2023 ба мақомоти додситонии Панҷакент ва милитсияи вилояти Суғд билохира муяссар шуд, ки шахсияти гумонбаршавандагонро муайян ва онҳоро дастгир кунанд. Маълум шуд, ки онҳо низ сокинони Киштӯдак будаанд. Боздошти онҳо, ба гуфтаи муаллифи гузориш Акбарӣ Шарифӣ, дар ҳоле сурат гирифт, ки куштори Баҳром Алиқулов алакай  дар Киштӯдак боиси душмании оштинопазир байни ду авлоди Алиқуловҳо ва Юсуповҳо шуда буд.

This image has an empty alt attribute; its file name is Киштудак.jpg

Бар асоси хулосаи тафтишот, бародарон Юсупов Соҳибназар Исматуллоевич, соли таваллудаш 1991 ва Юсупов Ҷаҳонбек Исматуллоевич, соли таваллудаш 1995, се сол пеш ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Сергиев Посад қарор доштанашон аз ҳисси хусумати шахсӣ гулӯи ҳамдеҳаашон Баҳром Алиқуловро бо корд бурида, ӯро бо як бераҳмии махсус аз ҳаёт маҳрум кардаанд.  Соҳибназар Юсупов дар гузориши нашршуда гуфт: “Ҷангро сар карданд ва манро зад. Вай манро ман ва ман ҳам задам. Гуфтам, ки 5 сол боз ҷонамро ба лаб овардӣ, аз ҷонам сер шудам…”

Саддам Юсуфзода, писарамаки Соҳибназар ва Ҷаҳонбек Юсуповҳо, ки шоҳиди айнии ин ҳодиса буд, дар гузориши нашркардаи ВКД ҷараёни ҷиноятро чунин нақл кард: “Вақте ки афтид, Юсупов Соҳибназар бо пойҳояш ба шикаму қабурғаҳои Баҳром зад. Дар ин байн додараш Ҷаҳонбек омад ва вай ҳам чанд лагат зад. Баҳром аз ҳуш рафт ва дигар наҷунбид. Ман, ки сахт тарсида будам, наздик шудам ва дидам, ки намеҷунбад. Баъди ин Ҷаҳонбек тасмаашро бароварда, гулӯи ӯро буғӣ кард. Чунон буғӣ кард, ки тасма канда шуд. Сипас акои ӯ Соҳибназар аз ҷайби росташ кордро гирифта, баровард ва гулӯяшро бурид…”

Баъди бо чунин шеваи бераҳмона куштани Баҳром Алиқулов, бародарон Юсуповҳо барои пинҳон кардани изи ҷинояташон ҷасади ӯро дар як борхалта андохта, бо як мошини кироя бурда, дар як минтақаи дигар партофтаанд. Тафтишот ба натиҷае расидааст, ки Юсуповҳо Алиқуловро дар пайи баҳс бар сари объектҳои корӣ дар бӯстонсаройҳои “Парус” ва “Лесной” куштаанд. Юсуповҳо ҳамдеҳаи худро ба он айбдор кардаанд, ки ин объектҳоро аз дасти онҳо гирифтааст.

Додгоҳ Соҳибназар Юсупов ва додари ӯ Ҷаҳонбек Юсуповро мутаносибан ба 27 ва 25 соли зиндони низомаш сахт ва писарамаки онҳо Саддам Юсуфзодаро бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ба 4 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини зиндагии хонаводаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия то 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф, асосан бар асари фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ҷон медиҳанд. Ҳамчунин ҳар сол дар Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷик кушта мешаванд. Аз ҷумла аз дасти ҳамватанҳои худашон….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, журналистика ва пропаганда синоним ё антоним гуяд:

    Банда ҳайронам, чаро қатли “бераҳмона”? Оё қатл “бораҳмона” ҳам ҳаст? Дар бистари беморӣ ё пирӣ ҷон додан, номаш “вафот” аст, аммо аз ҷониби касе ё чизе ба қатл расидан ба ягон “категория”-и хос (бораҳму бераҳм) дохил намешавад. Ҳайвонҳои ҳалоли “хонагӣ”-ро ба хотири тӯйю маърака ё хайру қурбонӣ куштан дар фарҳанги динӣ “забҳ” кардан аст, ҳайвонҳои ҳалоли “ғайрихонагӣ”-ро бо тиру камону қапқон куштан, қатли “ваҳшиёна” (шикорӣ) мегӯянд. Агар дар ҷомеъае, ки журналистон аз забони адабии пурмаънӣ, ки ягон “норма”-и мантиқӣ ва грамматикиро вайрон намекунанд, истифода баранд, аз дониши кофӣ ва маҳорати баланди касбӣ дарак медиҳанд!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button