ВидеоТоҷикистонФарҳангЧеҳраҳо

ГУСЕЛИ ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ БА РОҲИ ОХИРАТ БО ТАРОНАҲОИ ҶИГАРСӮЗ ВА ДАР ҲАВОИ ПУРБАРФ (ВИДЕО)

Турбати овозхони забардасти тоҷик Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Холро рӯзи 19 феврал дар ҳоле аз хонааш бароварданд ва ба манзили охираташ гусел карданд, ки ҳамкасбони ӯ дар рӯи ҳавлӣ ба ёди Устоди худ таронаҳои дилрешкунанда мехонданд.

Ҳавои Душанбе дар ин рӯз пурбарф буд ва ба таъбири мухлисони Устод Давлатманди Хол, гӯё имрӯз осмон ҳам ба марги ин нобиғаи мусиқии миллии тоҷикӣ ва устоди “Фалак” мегирист.

Давлатманди Хол, ки аз бемории саратони ҷигар ранҷ мекашид, рӯзи 18 феврали соли 2024 дар синни 73 дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори таслият ба наздикони Давлатманди Хол, даргузашти ӯро талафоти сангин ва ҷуброннопазир барои фарҳанги тоҷик меноманд.

Чанд вақти охир Давлатманди Хол аз бемории шадиде ранҷ мекашид ва барои табобат ба чандин кишвари дигар рафт. Дар Эрон ташхиси тиббӣ чунин хулоса дод, ки ҳунарманди мумтоз гирифтори саратони ҷигар шудааст. Чанд рӯз қабл ӯ барои муолиҷа ба Русия ҳам рафт, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд. Ҳунарманди ноумедшударо аз Маскав ду рӯз пеш оварданд ва ӯ дар Ватан, дар рӯи кати беморхонаи Қарияи Боло ҷон дод.

Бо қарори ҳукумат, Давлатманди Холро дар оромгоҳи Лучоб, дар канори дигар бузургони фарҳангу адабиёти тоҷик ба хок спурданд.

Видео аз саҳифаи фейсбукии Саидзода Отахон

Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омада буд. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома додааст. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Давлатманди Хол баъди хатми донишкада 25 сол дар Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб кор кард. 20 июли соли 1989 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди театри Кӯлоб, таҳти сарварии Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 дар пайи таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии ин ансамбл кор кард ва моҳи марти соли 2020 дар остонаи 70-солагиаш ба нафақа баромад. Солҳои охир Давлатманди Хол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов ба шогирдон дарс медод.

Давлатманди Хол яке аз устодони соҳибмактаби фалаксароӣ эътироф шудааст. Ӯ муаллифи даҳҳо таронаву оҳангҳоест, ки дар фонди тиллоии мусиқии тоҷик сабт шудаанд.

Давлатманди Хол соли 2018 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон низ шуд.

Ҳоло писараш Лоиқшоҳи Давлатманд, ки Устод ӯро ба шарафи шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ ном кардааст, роҳи падарро идома дода истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бикшой турбатамро, баъд аз вафоту бингар,
    К-аз оташи дарунам, дуд аз кафан барояд.

    Бомдод кори хуб кардай, ҳаматарафа ай Украина сар карда то Толибу Ҳабашистону Хитою минтақаои Тоҷикистон гузориш метай.

    Да шодию ғами мардм дар баршони.
    Худо барори корта та ака.
    Бар падарт раҳмат!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button