Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АВАЗ ЮЛДОШЕВ

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Аваз Юлдошев рӯзи 9 феврали соли 2024 дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дӯстону ҳамкасбони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Дарбораи иллати марги Аваз Юлдошев  маълумоте дастрас нашудааст, вале гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо журналисти шинохта рӯзи 10 феврал дар назди хонааш дар суроғаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон, бинои №14 ва маросими намози ҷанозааш  баъди намози пешин дар масҷиди Ҳамадонӣ, маъруф ба “масҷиди Мехколонна” барпо мешавад.

Аваз Юлдошев 29 январи соли 1962 дар ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон ба дунё омадааст, вале як умр дар Душанбе кор карда, барои рушди матбуоти тоҷик хидматҳои мондагоре кардааст.

Аваз Юлдошев дар замони Шӯравӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, ки дар аввали солҳои 90 ба “Ҷумҳурият” табдили ном карда, баъди рӯи кор омадани матбуоти мустақил чандин сол дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” кор кард.

Дар пайи таъсиси Агентии мубориза бо маводи мухаддир Аваз Юлдошев ба ҳайси раҳбари дафтари матбуоти ин идора ба кор пазируфта шуд ва чандин сол дар инҷо кор кард.

Баъди бознишаста шудан аз Агентӣ низ Аваз Юлдошев бекор нанишаст ва чанд соли дигар дар хабаргузории мустақили “Азия Плюс” кор кард.

Соли 2018 Аваз Юлдошев барандаи ҷоизаи “Олтин қалам” (“Қалами тиллоӣ”), ҷоизаи Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон дар бахши “Маводи беҳтарини журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон” шуда буд. Ин дуруст соле буд, ки марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди солиёни ҷанги сард кушода шуд ва дар равобити ду кишвар саҳифаи нави ҳамкориҳои гарм боз шуд.

Аз Аваз Юлдошев як фарзанд боқӣ монд, ки Барзу ном дошта, ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад. Ба ин далел, ба гуфтаи дӯстонаш, агар қаблан ҳаёти Аваз Юлдошев байни Душанбеву зодгоҳаш Бойсун ду тақсим шуда буд, баъди ба АлмаАто кӯчидани фарзанди ягонааш солҳои охири ҳаёти ӯ байни Душанбеву Бойсуну АлмаАто се тақсим шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button