ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЁРОНРО ЧӢ ШУД? ЯК ЗАН ШАВҲАРАШРО КОРД ЗАД, ЯК МАРД ЗАНАШРО ВА МАРДИ ДИГАР ЯНГААШРО ЗАДААСТ…

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз се ҳолати муноқишаҳои оилавӣ хабар дод. Агар дар Спитамен шавҳар занашро ва дар Данғара як мард ҳамсари бародарашро латтукӯб карда бошад, як ҷавонзан аз Шаҳристон дар ҳолати мастӣ ҳамсараш аз Ховалингро  дар хонаи иҷорааш дар шаҳри Исфара корд задааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 18 майи соли 2024 хабар дод, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон шаби 14 ба 15-уми майи соли 2024, тахминан соати 00:30, дар ҳолати мастӣ ба яке аз биноҳои кӯчаи Д.Шарипови шаҳри Исфара, ки дар ин суроға шавҳараш ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ховалинг зиндагонӣ мекунад, ворид шуда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол кардааст ва дар ҷараёни муноқиша бо корди қатшаванда як маротиба ба шиками шавҳараш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 май хабар дода буд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Спитамен, 10-уми майи соли 2024, тахминан соати 11:00, дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари 37-солааш ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида, мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, зарари вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, марди 28-солаи сокини ноҳияи Данғара 17-уми апрели соли 2024 ба манзили истиқоматии бародараш рафта, дар онҷо бо ҳамсари бародараш, зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур баҳсу мунозира намуда, бо дасташ ба рӯи ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба ҳарсе гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  Ба онҳо ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари ин се ҳодиса ва сабаби муноқишаҳо маълум нест. Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи ини қазияҳо дастрас нестанд.

ВКД Тоҷикистон ҳамчунин аз ин қабл хабар дод, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои милитсия, “гумонбаршаванда 15-уми майи соли 2024, тахминан соати 16:30, дар дохили манзили истиқоматиаш бино бар сабаби хусумат бо ҳамсараш, зани 30-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо корди хоҷагидорӣ якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида аз сабаби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби ҳамсарашро кордборон кардани ин мард маълум нест. ВКД танҳо гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба сокини Турсунзода бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк  қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши муноқишаҳои маргбори оилавиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button