ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЛОЛАХОН САТТОРӢ – НАТТОҚИ МАШҲУРИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

Радиои Тоҷикистон рӯзи 14 майи соли 2024 бо нашри як номаи ҳамдардӣ ба наздикону пайвандони марҳум хабар дод, ки наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лолахон Сатторӣ аз олам даргузашт. Лолахон Сатторӣ 68 сол дошт. Дар бораи иллати марги наттоқи машҳур ва каю дар куҷо гузаштани маросими дафнаш дар номаи ҳамдардии радиои Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Лолахон Сатторӣ соли 1956 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, риштаи ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Бино ба нақли худаш, соли 1977, ки ҳанӯз дар соли панҷуми донишгоҳ таҳсил мекард, барои кор ба радиои Тоҷикистон пазируфта шуд ва тамоми умрашро ба ин идора ва Кумитаи радиои ва телевизиони ҷумҳурӣ бахшид.

Лолахон Сатторӣ аз соли 1982 то соли 1992 наттоқи радиои тоҷик буд ва бо садои гирову ширадор, лаҳни табиии суханронӣ ва истифода аз равишҳои гуногуни наттоқӣ шунавандагонро зери таъсир гирифта, ба яке аз наттоқони рақами яки радио табдил ёфта буд.

Лолахон Сатторӣ дар кашмакашҳои соли 1992 низ иштироки фаъолона дошт ва яке аз сухангӯёни асосии митинги майдони Озодӣ ба шумор мерафт.

Аз соли 1993 Лолахон Сатторӣ дар вазифаҳои муҳаррири идораи сиёсӣ ва мудири телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи «Тоҷиккино», мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик, мудири киностудияи “Тоҷикфилм” ва чандин соли охир дар мақоми раиси иттифоқи касабаи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон кор кард.

Лолахон Сатторӣ гӯянда, баранда, шореҳи даҳҳо барномаҳои гуногун дар радио ва телевизиони Тоҷикистон буд, ки бо садои ӯ сабт гардида, бархе аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд. Аз ангуштшумор наттоқони тоҷик аст, ки бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=950591167075726&id=100063745548393&rdid=oz6jGDaMo7AY5pXs

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button