ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

ДАР НОВОСИБИРСК ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДУХТАРАШРО АЗ БАЛКОНИ ҚАБАТИ 5-УМ БА ЗАМИН ПАРТОФТААСТ

Додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 19 январи соли 2024 зодаи Тоҷикистон Насруллохӯҷа Мунавварови 44-соларо бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия дар сӯиқасд ба куштор гунаҳкор шинохта, ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Мунавваров ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 8 майи соли 2023 духтари 20-солаашро дидаю дониста аз балкони қабати панҷуми бино ба замин партофтааст, вале духтар, ҳарчанд ҷароҳатҳои зиёд бардошт, вале зинда монд. Худи Мунавваров дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ гуноҳро ба гардан нагирифт ва исрор меварзид, ки духтараш дар зиндагии шахсиаш баъди издивоҷ мушкилот дошт ва аз ин рӯ, худаш қасди худкушӣ кардааст. Вале додгоҳ ба ин фарзия бовар накард.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаби 7 ба 8 майи соли 2023 Мунавварови 44-сола дар ҳолати мастӣ дар хонаашон духтари 20-солаашро латтукӯб кардааст. Садои доду фарёдро шунида, зани ҳамсоя омадааст, ки духтарро аз зери мушту лагати падараш наҷот диҳад, вале Мунавваров роҳи фирор аз хонаро барои духтараш маҳкам карда, ӯро ба даруни хона тела додааст ва дарро бастааст.

Духтар барои наҷот аз мушту лагати падар ба айвон (балкон) гурехтааст ва аз болои девораки айвон (парапет) гузаштааст. Бо ин умед, ки ин кораш шояд падари бадҷаҳлашро аз идомаи бадрафториаш манъ кунад. Аммо Мунавваров омада, аз дастони духтараш доштааст ва ӯро чанд лаҳза дар ҳаво муаллақ нигоҳ дошта, сипас сар додааст. Духтари бечора аз қабати панҷуми бино ба замин афтода, ба сурати мӯъҷизаосо зинда мондааст.

Сутунмуҳраи духтар дар натиҷаи афтодан осеб дидааст, вале табибон сари вақт ба вай кумак расонда, аз марг наҷоташ додаанд. Тафтишот мегӯяд, “маҳз кумаки сари вақти табибон ва низ фавран ба ҷои ҳодиса расидани кормандони пулис боис шуд, ки Мунавваров сӯиқасд ба куштори духтарашро то ба охир расонда натавонист”.

Дар ҷараёни тафтишот Мунавваров ба бегуноҳии худ исрор варзида, исрор меварзид, ки духтараш мехост худкушӣ кунад. Вале аҳли хонаводааш ба зидди ӯ баёнот доданд ва гуфтанд, ки аз ҳад зиёд машрубот менӯшид ва дар ҳолати мастӣ худро идора карда наметавонист. Дар ниҳоят додгоҳ ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард, то дар ин муддат ба оқибатҳои рафтораш бияндешад.

Сабаби муноқишаи падару духтар рӯшан нест, вале ҷомиашиносоне, ки ҳаёти муҳоҷиронро таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, дар оилаҳои муҳоҷирон ба истилоҳ муноқишаҳои байни наслҳо миёни падару модарони дар хонаводаҳои суннатӣ тарбиятёфта ва фарзандони дар Русия ба воя расидаи онҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Фарзандони муҳоҷирон, ба хусус духтаронашон, ки дар Русия ба воя мерасанд, барои идомаи зиндагӣ дар чорчӯби арзишҳои суннатие, ки падару модар мехоҳанд, майлу рағбати чандоне нишон намедиҳанд ва ин боиси нофаҳмиҳову муноқишаҳо, аз ҷумла бо чунин оқибатҳои талхе, чун дар ин мисоли ахир дар Новосибирск, мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button