ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ ИСФАРА ДАР РУСИЯ АЗ ГАЗУ ДУДИ БЕНЗИН (АКС)

Раёсати тафтишоти вилояти Ростови Русия дар бораи оғози тафтиши сабабҳои марги чор узви як оила аз дуду гази бензин дар ҷамоати Шепкини ноҳияи Оқсойи вилояти Ростов, воқеъ дар ҳамагӣ 10-километрии канораҳои шимолии маркази ин вилоят, шаҳри Ростови лаби Дон, хабар дод.

 “Ба шуъбаи тафтишоти ноҳияи Оқсой дар бораи дар як ҳавлии шахсӣ дар ҳудуди ҷамъияти боғдорӣ дар  ҷамоати Шепкини ноҳияи Оқсой бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз гази карбон пайдо шудани 4 ҷасад: соҳиби 66-солаи хона, ҳамсари 65-солаи ӯ ва ду писарашон, ки 38 ва 39 сол доштаанд, хабар расид. Боз як зани дигарро бо айни аломатҳои заҳрлудшавӣ ба бемористон овардаанд ва дар инҷо ба ӯ кумаки касбӣ расонда мешавад.  Бино ба натиҷаҳои тафтиши муқаддамотӣ, сабаби ҳодиса метавонад генератори нирӯи барқ, ки бо бензин кор мекард ва дар таҳхона гузошта шуда буд, шуда бошад”.

Раёсати тафтишот гуфт, бар асоси натиҷаҳои санҷиш дар бораи кушодан ё накушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодисаи нохуши пурқурбонӣ тасмим хоҳанд гирифт.

Нашрияи “Царьград/Ростов-на-Дону” бо такя ба маълумоти муқаддамотии муфаттишон хабар дод, ки он шаб ду писар ҳамроҳи як келин ба хонаи падару модарашон меҳмонӣ омадаанд.

 “Падари хонавода фикр кардааст, ки хона сард аст ва аз ин рӯ, генератори нирӯи барқро ба кор даровардааст. Баъди чанде генератор нуқсе пайдо кардаасту низоми бехатариаш халал ёфтааст ва аз он гази карбон хориҷ шуда, хонаро пур кардааст. Чор нафар дар дохили хона аз нафас кашидани гази карбон ҷон додаанд. Як занро табибон наҷот додаанд. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” ӯро дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ кардаанд”, – хабар медиҳад ин нашрия.

Мақомоти тафтишотӣ шахсияти қурбониёни ин ҳодисаи нохушро нашр накардаанд, вале дар каналҳои муҳоҷирони зодаи Исфара хабар доданд, ки ин ҳодиса шаби 17 ба 18 январи соли 2024 рух дода, ҳалокшудагон ҳама аъзои оилаи ронандаи автобуси дар ин қисмати шимоли Тоҷикистон шинохта Файёзиддин Савриддинови 66-сола аз ҷамоати Гулистон будаанд. Ҳамроҳи ӯ он шаби наҳс аз дуди бензин ҳамчунин ҳамсари 65-солааш Раъно Савриддинова ва ду фарзанди онҳо Ғуломҷон ва Ғуфронҷон, ки 39 ва 38 сол доштанд, ҷон додаанд.

Ҷасадҳои қурбониёнро алакай рӯзи 21 январ барои гӯручӯб ба Тоҷикистон фиристодаанд, вале як келини хонавода дар ҳолати вазнин дар бемористон боқӣ мондааст.  Ба гуфтаи муҳоҷирони зодаи Исфара, яке аз писарони ин хонавода фарзанд надошт, вале аз дуюмӣ се фарзанди хурдсол дар Русия ятим монд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Рӯзи 28 декабри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар паёмҳои солонааш ба вазъи муҳоҷирони тоҷик пардохт ва гуфт, шароити муҳоҷиронро нағз медонад.

“Садҳо ҷасад меорем. Онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем”,  – изҳор дошт ӯ хитоб ба мансабдорони баландпояи ҳукуматаш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button