ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҲАМААШОНРО БО ДРОН ЗАДАНД: СУБҲИДДИН ҚАНОАТОВ АЗ АРТУЧ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Субҳи 24 ноябри соли 2023 ҷасади Субҳиддин Қаноатов, сокини 42-солаи деҳаи Артучи Панҷакентро, ки дар Украина кушта шуд, ба Ватан оварданд.  Ҷанозаи ин падари чор фарзандро барои дафн ба зодгоҳаш, Артуч бурдаанд ва давоми рӯзи 24 ноябр ба хок месупоранд.

Яке аз наздикони Субҳиддин Қаноатов ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфт, ки ӯ шаҳрвандии Русияро дошт ва 20 соли ахир ҳамроҳ бо хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекард. Субҳиддин Қаноатов падари чаҳор фарзанд буд ва аз замони ба Русия рафтан то  замони ҷалб шуданаш ба ҷанги зидди Украина, дар Русия ба ҳайси “сантехник” кор мекардааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, Субҳиддин Қаноатов як гуруҳи разведчикҳо иборат аз 28 нафарро раҳбарӣ мекард. Ӯ ва дигар аъзои гуруҳаш рӯзи 3 ноябри соли 2023 дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) дар ҳудуди вилояти Харков кушта шудаанд.

Дар феҳрасти ширкатҳои тиҷоратии Русия ширкате бо номи ҶДММ, яъне ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Алисон-М” (ООО “Алисон-М”) дар шаҳри Маскав ба номи Қаноатов Субҳиддин Иноятович дар идораҳои андоз сабт шудааст. Гуфта мешавад, ин ширкат соли 1998 сабти ном гардида, соли 2015 ба далели муддати тӯлонӣ пеш набурдани ягон навъи фаъолият баста шудааст. Маълум нест, ки оё муассиси ҶДММ “Алисон-М” ҳамон Субҳиддин Қаноатови дар Украина кушташуда аст ё ягон ҳамноми ӯ?

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин мавриди расонаишудаи дар Украина кушта шудани зодагони Тоҷикистон аст.

Назрулло Ҷунайдов, сокини 43-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар Русия такси меронд ва 4 моҳ пеш бо даъватнома аз тариқи комиссариати ҳарбӣ ба саффи артиши Русия ҷалб шуда буд, рӯзи 10-уми ноябри соли 2023 дар ҳудуди вилояти Донетск, як ҷабҳаи асосии ҷанги Русия ба зидди Украина, кушта шуд. Ҷасади ӯро алакай ба наздиконаш дар Маскав супурдаанд ва хешовандонаш ҳоло дар пайи таҳияи санадҳо барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон мебошанд.

Яке аз наздикони Назрулло Ҷунайдов гуфтааст, ки ӯ ягон 25 сол қабл шаҳрванди Русия шуда буд.

Ба гуфтаи ин хешованди Назрулло Ҷунайдов, “Нарзулло аз тариқи замимаи “Яндекс Такси ” кор мекард. Ба ӯ даъватнома омад. Гуфтанд, агар ҷанг наравӣ, ҳабсат мекунем. Маҷбур рафт, ҳарчанд намехост…”

Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 15-уми ноябр аз комиссариати ҳарбӣ ба онҳо занг зада хабар додаанд, ки Нарзулло Ҷунайдов “қаҳрамонона ҳалок шуд.” Дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ ба наздиконаш ягон тафсилоти дигар надодаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button