ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷирон

ДАР ВИЛОЯТИ ТУЛА ЯК ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК ЯК ШИНОСИ ҲАМСАРИ РУСАШРО КОРД ЗАДААСТ

Додситонии минтақаи Узловскаяи вилояти Тулаи Русия тафтиши парвандаи як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро ба анҷом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Узловая супоридааст. Хадамоти матбуоти додситонии вилояти Тула рӯзи 16 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ин марди тоҷик бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия ба расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки бо истифода аз корд анҷом шуда, ба ҳаёти ҷабрдида хатар эҷод кардааст, айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ғояти рашк як ҷавони шиноси ҳамсари русашро корд задааст. Ба марди тоҷик барои ин кирдор бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо  то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳабс қарор дорад, ҳамчунин наздикон ва адвокати ӯ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале додситонии вилояти Тула мегӯяд, ки “айбдоршаванда иттиҳоми ба ӯ эълоншударо эътироф кард ва ба гардан гирифт”.

Бино ба хулосаи тафтишот, “шоми 22 августи соли 2023 шаҳрванди хориҷӣ ҳамсари худро ба як шиноси 23-солааш рашк карда, шиноси ҳамсарашро ба буриши кӯчаи Шахтёрҳо ва тангкӯчаи Клубнийи шаҳраки Майский ба мулоқот даъват кардааст. Ҳангоми мулоқот дар заминаи муносибатҳои хусуматомези шахсӣ, ӯ ба шиками он мард як зарбаи корд зада, ҷароҳате расондааст, ки боиси осеби вазнин ба саломатии ҷабрдида шудааст”.

Марди тоҷикро худи ҳамон рӯз дастгир карда, ба ҳабс гирифтаанд.

Майский шаҳраки хурдест бо наздики 2500 сокин дар ноҳияи Узловскийи вилояти Тула. Майский дар байни Новомосковск ва шаҳраки Узловая, маркази ноҳия, дар фосилаи тақрибан 60-километрии ҷанубушарқи шаҳри Тула ва 230-километрии ҷануби Маскав ҷойгир шудааст.

Аз Русия ҳар сари чанд вақт дар бораи муноқишаҳои хунини муҳоҷирон бо маъшуқаҳои русашон хабарҳо ба даст мерасанд.

Яке аз қазияҳои аз ҳама пурсарусадо аз ин зумра парвандаи Хушнуд (Рома) Ҳамроев буд. , ки моҳи июли соли 2022 дар Новосибирск дӯстдухтари собиқашро, ки ҳамагӣ 17 сол дошт, бо 17 зарбаи корд ба ҳалокат расонд.   Ҳамроев он шаб баъди куштани Анастасия пои пиёда 25 километр роҳро тай карда, худро ба бозори Хилок расондааст ва аз ҳамватанони бозорнишинаш пурсидааст, ки чӣ гуна метавонад тарки Русия карда, ба Тоҷикистон фирор кунад? Вале савдогарони бозор, ки акси Ҳамроевро алакай дар эълонҳои пулис дида буданд, аз девори каҷ ҳазар гуфта, ба пулис хабар додаанд.Ҳамроев дар фурӯшгоҳи “Мария-Ра”, дар наздикии бозори Хилок ба ҳайси ҳаммол (грузчик) кор мекард. Ӯ дар як ҷаласаи додгоҳӣ ба хабарнигорон гуфт, Анастасияро хеле дӯст медошт ва ӯро барои хиёнат куштааст, вале ҳоло аз кори кардааш пушаймон аст.

Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Челябински Русия рӯзи 2 ноябри соли 2023 шаҳрванди ӯзбекзабони Тоҷикистон Расул Шерматовро барои қатли маъшуқаи собиқаш Оксана ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Бар асоси маводи парвандааш, шаби 5 августи соли 2023, Расул Шерматов хабар ёфтааст, ки маъшуқаи собиқаш Оксана дар як пивохона (паб) дар кӯчаи Энтузиастҳои шаҳри Челябинск бо як марди дигар мулоқот дорад. Ӯ мастомаст ба ин паб омада, Оксанаро дар ҳақиқат ҳамроҳи як марди дигар дидааст ва аз ғояти рашк аз мӯи сари ӯ кашида, ба баданаш чанд корд задааст. Зани 41-сола, ки аз ноҳияи гардан ва қафаси синааш дастикам 6 зарбаи корд хӯрд, баъди қариб як ҳафта, рӯзи 11 август дар бемористон ҷон дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, марде, ки бо Оксана он шаб мулоқот дошт, баробари аз ҷайбаш кордро берун кашидани Расул Шерматов, филфавр аз пивохона фирор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button