ВидеоДин ва боварҳоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БО МОДДАИ 307: БАРОДАРИ САРДАБИРИ “ПАЁМ ТВ”-РО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БУРДААНД

Аслиддин Шарипов, сокини 35-солаи деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт санаи 1 октябри соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Қарори ба Тоҷикистон супурдани Аслиддин Шариповро додситонии ноҳияи Тагилстройи шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловски минтақаи Урали Русия содир кардааст. Дар ин бора вакили дифои ӯ Нина Чертверткова ба наздикони Шарипов хабар додааст.

Аслиддин Шарипов аз 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагил дар боздошт қарор дошт. Ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон, ки ин сокини ноҳияи Аштро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд, дастгир шуда буд. Дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ айбдор мешавад.

Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия дар сохтмон кор мекард. Ба бовари наздиконаш,сабаби аслии тахқиби Аслиддин Шарипов ин аст, ки ӯ бародари Шавкатҷон Шарипов, маъруф бо тахаллуси Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” аст.

Моддаи 307 дар Тоҷикистон ба сурати фаровон барои таъқиби мухолифону дигарандешон ва наздикони онҳо истифода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун боздошту истирдод ва парвандаи Аслиддин Шариповро шарҳ надодаанд, вале бародари ӯ Шавкати Муҳаммад, ки чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад,  рӯзи 9 октябри соли 2023 дар як номаи саркушода ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навиштааст, ки бародараш узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. “Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт”, – таъкид кардааст Шавкати Муҳаммад дар номааш.

Аммо, менависад Шавкати Муҳаммад, тибқи санади айбдоркунӣ, санаи 13.08.2021 прокурори шуъбаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва татбиқи қонунҳо дар соҳаи амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба бародари ӯ Аслиддин Шарипов парвандаи ҷиноятӣ таҳти рақами 14945 оғоз намуда, ӯро тибқи нишондоди қисми 2 моддаи 307.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва созмони «Гурӯҳи 24» айбдор кардааст. Санаи 2 октябри соли 2021 парвандаи Аслиддин Шариповро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба дасти худ гирифта, дар чорчӯби парвандаи тафтишотӣ таҳти рақами №3938 Аслиддин Шариповро аз 15 декабри соли 2021 таҳти кофтукови ҷиноӣ қарор додааст. Ба иттилои Шавкати Муҳаммад, додгоҳи шаҳри Хуҷанд ғоибона қарори боздошти ӯро содир кардааст.

Шавкати Муҳаммад дар номааш ба прокурори генералӣ менависад: “Тибқи қарори айбдоркунандаи давлатӣ, додарам Шарипов А.М. гуё дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Аслиддин Шарипов» маводи марбут ба созмони террористӣ-экстремистӣ паҳн кардааст, ки ин дурӯғи маҳз аст ва пеш аз ҳама бояд мӯшикофона санҷида шавад. Бародарам дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоияш ба ҷуз маълумоти марбути оилавӣ чизи дигаре накоридааст. Аслан, аз корбурдаш дар саҳифаи фейсбукияш дониста мешавад, ки ҳавасманди шабакаҳои иҷтимоъӣ низ набудааст”.

Таҳқиқи сарсарии саҳифаи Аслиддин Шарипов дар шабакаи Фейсбук нишон медиҳад, ки ӯ дар ин шабака чандон фаъол набудааст. Дар саҳифааш ӯ  соли 2016 дар бораи зодрӯзаш: 25 ноябри соли 1987 маълумот дода, ҳамон сол як акси худаш ва соли 2017 як акси духтарашро нашр кардаасту халос. Баъди он дар саҳифаи Аслиддин Шарипов танҳо як хабари Шавкати Муҳаммад аз соли 2018 дар бораи даргузашти бародари калониашон Зайниддин Мамадҷонов нашр шудааст ва соли 2019 чанд видеои як корбар аз Наврӯзи донишҷӯён дар шаҳри Маскав.

Санаи 22.09.2022 Аслиддин Шарипов аз ҷониби кормандони пулиси шаҳри Нижний Тагили Русия дастгир шуда, то замони баррасии дархости истирдодаш ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. То санаи 1.10.2023 ӯ дар вилояти Свердловск дар боздоштгоҳ қарор дошт ва тибқи маълумоти додаи вакили дифояш Чертверткова Нина Рудолфовна, Шарипов Аслиддин санаи 01.10.2023 ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Шавкати Муҳаммад дар номааш ба прокурори генералӣ менависад: “Додарам Шарипов Аслиддин Мамадҷонович, бори дигар таъкид мекунам, ки ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе набуд ва мадори сиёсӣ ҳам надошт. Ҳамеша дур аз сиёсат буд. Бо ман, акояш Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович, ки паноҳандаи сиёсӣ дар Утриш ҳастам, камтарин тамос надошт. Ягон маротиба, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти сиёсӣ набурдааст. Баракс сиёсатро бад медид. Пайвандонам аз тарси мақомот бо ман дар тамос нестанд ва тӯли 9 рӯз аст, ки аз додарам Шарипов Аслиддин дараке нест”.

Шавкати Муҳаммад аз додситони кулл Юсуф Раҳмон хостааст, то нисбат ба додараш аз рӯи қонун муносибат кунанд.  Ӯ айбномаи зидди Аслиддин Шариповро “ҷурмҳои сохтаву бофта” номида, аз Додситонии кул хостааст, ки “пеш аз ҳама назорати иҷрои қонунро ба ҷо оварда, ба муносибати мақомоти зидахл, ки ғайриқонунӣ бидуни ҳеҷ ҷурме талаби истирдодашро аз Русия кардааст ва бародарамро боздошт карда, то ба ҳол ғайриқонунӣ аз ҳоли ӯ ба пайвандон хабар надодааст, баҳои ҳуқуқӣ диҳад”.

Ӯ аз Додситонии кул ҳамчунин хостааст, ки дар бораи макони боздошт ва сабаби боздошти додарашро эълом карда, ҳарчӣ зудтар, барои таъмини ӯ бо вакили дифои босалоҳият мусоидат кунад. Шавкати Муҳаммад дар поёни номааш бори дигар додарашро бегуноҳ номида, хостааст, ки “бо эҳтиром ба қонун ва шаҳрванд, аз гирифтории додарам ба туҳмату буҳтон пешгирӣ карда шавад”.

Додситонии кулли Тоҷикистон то кунун ба ин номаи Шавкати Муҳаммад посухе надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button