ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДА АЗ ҶОНИБИ МУАЛЛИМ ДАР ЯК МАКТАБИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 5 октябри соли 2023 видеои кӯтоҳе нашр шуд, ки дар он бо нашри аксҳои зиёди осори латтукӯб дар бадани як ноболиғ иддао карда мешавад, ки як муаллим дар ноҳияи Рӯдакӣ як хонандаро ба чунин шеваи бераҳмона задааст.

Бино ба иддаои муаллифи сабт, ин бадрафториро муаллими мактаби миёнаи №50-и деҳаи Шайхон Саидов Иброҳим Қудбиддинович нисбат ба Ҷовид Усмоналиев, хонандаи синфе, ки раҳбараш буд, раво дидааст.

“Дар санаи 27 сентябри соли 2023, тахминан соати 13:20, дар муассисаи №50 ноҳияи Рӯдакӣ манро роҳбари синфамон Саидов Иброҳим Қудбиддинович дашном дода, латтукӯб кард ва бо сим якчанд маротиба ба пойҳоям зад ва дар тахтапуштам бо сим зада, ситам дод”, – навишта шудааст дар сабт аз номи Ҷовид Усмоналиев.

Муаллиф ҳамчунин далели бераҳмона латтукӯб шудани хонанда аксҳои бадани хонандаро ҳам овардааст, ки дар он дар ноҳияи тахтапушт ва пушти пойҳояш осори латтукӯб дида мешавад.

Дар бораи ин ки ба кадом далел роҳбари синф шогирдашро ба чунин шева “ҷазо” додааст?, дар сабт чизе гуфта намешавад.

То ин лаҳза масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, идораи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарияти мактаби №50-и деҳаи Шайхон ба видеои нашршуда вокуниш накардаанд ва онро шарҳ надодаанд. Муаллим Иброҳим Саидов, ки ба латтукӯби шогирдаш айбдор мешавад, низ то кунун ин иддаоро шарҳ надодааст.

Дар гузашта чандин бор шикоятҳо дар бораи бадрафтории омӯзгорон нисбат ба шогирдон дар мактабҳои миёна дар Тоҷикистон аз ҷумла бо видеоҳо нашр шуда буд. Вазорати маориф маъмулан ба чунин шикоятҳо сари вақт вокуниш мекунад.

Деҳаи Шайхон дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, дар фосилаи 6 километр аз маркази ҷамоат ва 44 километр аз шаҳраки Сомониён, маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда, деҳаи хурдест ва ҳамагӣ наздики як ҳазор аҳолӣ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Вазири омӯзишу парвариши Хуросон гуяд:

    Муаллим не, шахси тасодуфӣ дар саффи муаллимон! Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, методҳои зиндонҳои Сурияву Ироқ дар мактабҳои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад? Муаллим ва омӯзгор бояд бо илму донишу маҳорату малака ба мулоқоти мактаббачагон бираванд, на бо зӯри мушту лагату латтукӯб!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button