ТаърихФарҳанг

9 ЁДГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

17 сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги Созмони Милал, ки дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ идома дорад, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим: “Зарафшон-Қароқум” (ёдгориҳои Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд:

  1. Ёдгориҳои Панҷакенти қадим,
  2. Шаҳраки Санҷаршоҳ,
  3. Қалъаи Ҳисорак,
  4. Гардани Ҳисор,
  5. Қалъаи Муғ,
  6. Қалъаи Қум,
  7. Тали Хамтӯда,
  8. низоми обёрикунии Тоқсанкорез,
  9. оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро.

Аз Тоҷикистон то имрӯз ду ёдгории яке таърихӣ ва яке табиӣ  ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд:

  1. Шаҳри таърихии Саразм дар канори Панҷакент, соли 2010 ба ин феҳрист пазируфта шуд
  2. Боғи милли Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Лахшу Сангвори водии Рашт, ки соли 2013 аз сӯи ЮНЕСКО эътироф шуд.

Боз дастикам 13 ёдгории Тоҷикистон барои ворид шудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ шудаанд. Аз ҷумла:

  1. Тахти Сангин
  2. Дайри буддоии Аҷинатеппа
  3. Мақбараи Хоҷа Машҳад
  4. Димна ё қасри Ҳулбук
  5. Шаҳри қадимии Бойтудашти IV
  6. Мақбараи Хоҷа Нақшрон
  7. Мазори Ҳазрати Шоҳ
  8. Шаҳристони қадим — Қаҳқаҳа
  9. Кӯҳҳои Фон
  10. Мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон
  11. Мамнӯъгоҳи Даштиҷум
  12. Мамнӯъгоҳи Зоркӯл
  13. Мамнуъгоҳи Кусавлисой

Аз Тоҷикистон ЮНЕСКО ҳамчунин “Шашмақом”,  чакан, оши палав ва чавгонбозиро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият шомил кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button