ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА ВОСИТАИ “ВАТСАП” ВА ДУЗДИИ 319 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ШИРКАТИ “ШАҲРИ ДУРАХШОН”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 майи соли 2024

Содир гардидани ҳодисаи қаллобӣ ба воситаи шабакаи интернетии “Ватсап”

40

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ду ҷавонзани 20, 25 ва марди 32-солаи сокинони шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки зани 32-солаи сокини пойтахт тавассути шабакаи интернетии “Ватсап” бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо ба воситаи ҳамёни электронии бонки “Алиф-моби” 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб барояшон либосҳои занона, атриёт ва телефонҳои мобилро бо нархи арзон равон менамояд.
Номбурда ваъдаашро иҷро накарда, аз ин маблағ 24 ҳазору 500 сомониро баргардонда, боқимонда 175 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст ва бо ин кирдораш ба ҷабрдидагон зарари калони моддӣ расонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Зафаробод моҳи майи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафарободро 200 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, 103 ҳазору 900 сомониашро гирифтааст.
Гумонбаршаванда такроран моҳи сентябри соли 2023 хонаи истиқоматии мазкурро ба шахси дигар ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Ба ҷабрдида бошад, ба маблағи 103 ҳазору 900 сомонӣ зарари моддӣ расонида, то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ аз корхона ва воситаи нақлиёт

10

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи директори ҶДММ «Шаҳри Дурахшон» ворид гардидааст, ки шахсони номаълум 17-уми майи соли 2024, шабона бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи мазкур даромада, аз он ҷо 319 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 27, 36 ва 37-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 3-юми майи соли 2024, рӯзона ҳангоми дар кӯчаи М.Маҳмадалии пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, ки ба марди 33-солаи сокини ш.Душанбе тааллуқ дорад, ворид шуда, аз дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Рэалми-12”, корти-миллӣ дар тавозунаш 420 сомонӣ ва 2 ҳазору 100 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 520 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button