КАШФИ КӮШКИ ҚАДИМАИ СУҒДӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 15 майи соли 2024 бо нашри чанд акс аз кашфи як кӯшки дуқабатаи қадима дар ҷамоати Халифа Ҳасан дар канори шаҳри Панҷакент хабар дод.
Бино ба иттилоияи Осорхонаи миллӣ, аз 15 то 25 апрели соли 2024 сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии муассиса Муҳсин Бобомуллоев бо мақсади гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ёдгории таърихие, ки дар деҳаи Чинори кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент ҷойгир шудааст, ҳафриёти бостоншиносӣ анҷом додааст.
Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ-пажуҳишӣ маълум гардид, ки ин ёдгорӣ кӯшк буда, аз ду қабат иборат аст. Ошёнаи якум аз похса ва ошёнаи дуввум аз хишти хоми маъмулии ҳамон давра ба андозаи 50х25х10 сохта шудаанд. Замони таърихии ёдгорӣ ба асрҳои VI-VIII мансуб буда, он дар натиҷаи ҳуҷуми аҷнабиён сӯзонида хароб гаштааст. Далели ин гуфтаҳо боқӣ мондани осори хокистар ва лахчаҳо дар деворҳои долони ёдгорӣ мебошад.
Инчунин, аз ҳудуди ёдгории мазкур бозёфтҳои фулузии гуногун, ба мисли сиккаҳои мисӣ, нуқрагӣ, ангуштарҳо ва ҷузъҳои ороишии либос пайдо гардиданд, ки далел аз қадимӣ будани ин мавзеъ мебошанд. Мавҷуд будани ин гуна кӯшкҳо дар Панҷакент ва Маймурғ дар сарчашмаҳои таърихӣ низ зикр ёфтаанд.
Осорхонаи миллӣ меафзояд, ки албатта, корҳои иҷрошуда танҳо барои муайян кардани ҳаҷми корҳои дар пеш истода ва сабтиноми ёдгорӣ ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар оянда қарор аст, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони осорхонаи Эрмитажи Русия дар моҳҳои июл-августи соли равон дар ин ёдгорӣ ковишҳои ҳафриётӣ гузаронида шавад.
Гуфта мешавад, омӯзишу таҳқиқоти оянда равшан хоҳад сохт, ки ин ёдгорӣ чӣ нақшаи меъморӣ ва чӣ арзиши таърихиву фарҳангӣ дорад.