ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТО КИ ОНҲОРО НАКУШАНД: МУТТАҲАМОН ДАР ҲАМЛАИ “КРОКУС”-РО ДАР СИЗОИ “ЛЕФОРТОВО” ДАР КАМЕРАҲОИ ЯККАСА (“ОДИНОЧКА”) НИГОҲ МЕДОРАНД

Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики “Mash” рӯзи 20 майи соли 2024 хабар дод, ки муттаҳамон дар ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар боздоштгоҳи “Лефортово”-и шаҳри Маскав то ҳол дар камераҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Манобеи “Мэш” гуфтаанд, ки мақомот метарсанд, ки мабодо маҳбусони дигар онҳоро накушанд.

 “Дар ибтидо Фаридуни Шамсидин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрами Раҷабализода ва дигар дастгиршудаҳоро дар камераҳои яккаса (“одиночка”) барои карантин ҷой карда буданд. Баъдан онҳоро бояд ба камерҳои калонтари дукасаву чоркаса мегузаронданд. Шарти асосӣ ин аст, ки муттаҳамони як парванда дар як камера наафтанд, бояд бо дигарон ҷой карда шаванд. Бино ба як фарзия, сабаби онҳоро дар камераҳои яккаса боқӣ гузоштан ин аст, ки дигар нафароне, ки дар “Лефортово” дар боздошт қарор доранд, аз сари эҳсосот метавонанд инҳоро худсарона ҷазо диданд”, – хабар додааст “Мэш”.

Шоми 22 марти соли 2022 афроди мусаллаҳ қабл аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” вориди толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар Красногорск шуда, издиҳомро тирборон карданд. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт: Бар асари ин тирборон 40 нафар кушта шуда, 105 нафари дигар дар сӯхторе, ки биноро фаро гирифт, ҷони худро аз даст доданд.

Мустақиман дар робита ба ин ҳамла 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи он 4 нафари мусаллаҳе, ки вориди бино шуда, мардумро тирборон карданд, низ аз Тоҷикистонанд. Ин 4 нафарро алакай рӯзи дигари ҳамла, 23 март дар ҳудуди вилояти Брянск, ягон 400 километр дуртар аз толори “Крокус” дастгир карданд.

Таъқибу боздошт ва бозпурсиҳои нахусти онҳо бо шеваи хеле тунду бераҳмона ҷараён гирифт ва таъқибкунандагон бадрафториҳои худро пинҳон ҳам намекарданд: Дар Интернет худи ҳамон рӯз видеои чигуна ҳангоми боздошт буридани гӯши Саидакрам Муродализода ва ба даҳонаш андохтани он, акси ба узви таносулии Фаридуни Шамсиддин пайваст кардани сими барқ нашр шуд. Ҳамин тавр, ҳангоми боздошти як чашми Муҳаммадсобир Файзовро кафонда буданд ва Далерҷон Мирзоевро чунон зада буданд, ки ӯ чанд рӯз пакар буд ва намефаҳмид, ки дар куҷост ва аз вай чӣ мехоҳанд?

Рӯзи 16 май додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав замони ҳабси пешакии 12 нафар аз муттаҳамонро, ки 11 нафараш аз Тоҷикистонанд, то 22 август тамдид кард. Чор нафари онҳо – Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Фаридуни Шамсиддин –  омилони бевоситаи ҳамлаи террористӣ шумурда шуда, 8 тани дигар – Лутфуллои Назримад, Қурбонов Ҷумъахон, Юсуфзода Якубҷон ва Шарипзода Муҳаммад, падару 2 писар Исроил ва Аминҷону Диловар Исломовҳо ва зодаи Ӯши Қирғизистон Алишер Қосимов – ба ҳамдастӣ ва кумак ба омилони ҳамла айбдор мешаванд.

Бар илова, дар поёни моҳи март дар ҷумҳурии Доғистон 3 нафар – ду зодаи Тоҷикистон ва як доғистонӣ, дар аввали моҳи март дар Маскаву Омску Екатеринбург боз 3 нафари дигар ва дар миёнаҳои моҳи апрел як нафари дигар бо номи Ашӯров дар вилояти Твер ба даст афтоданд.

Дар пайи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунини террористӣ аз номи созмони террористии ДОИШ– Хуросон муносибати мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо шадидан бад шуд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳои Русия дармонданд, зеро тафтиши онҳо шадиду тӯлонӣ шуд. Садҳо нафар аз онҳо аз тафтиш гузашта натавониста, ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ҳамин тавр, садҳо тоҷики дигарро дар ҷараёни рейдҳои зиёдшуда дар шаҳрҳои гуногуни Русия боздошт ва ихроҷ карданд.

Шадид шудани тафтишҳо дар марзҳои Русия бисёре аз сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки бо вуҷуди шурӯи мавсими нави муҳоҷирати корӣ сафари худ ба Русияро ба таъхир гузоранд.

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроди муттаҳам ба кумак ба ҳамлагаро:

  1. Алишер Қосимов, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизистон, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминҷон Исломов, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд. Исломовҳо худро бегуноҳ мешуморанд. Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфта буд, ки Исломовҳо ҳамлагаронро нафақат бо мошину манзил таъмин кардаанд, балки барои онҳо пул ҳам интиқол додаанд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Дар як ҳостел дар назди истгоҳи метрои “Шёлковская” зиндагӣ мекард. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Давлатхони Юсуфзода, зодаи Ҳисор. Тафтишот  бар ин аст, ки ӯ ғайриқонунӣ дар сохтмон кор мекард ва чанд рӯз қабл аз ҳамла аз корти бонкиаш ба яке аз ҳамлагарон барои пули иҷораи хонаашон пул гузаронда, баъди анҷоми ҳамла низ ба яке аз ҳамлагарон як миқдори дигар пул гузарондааст. Ӯро дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” дастгир кардаанд.
  7. Шарифзода Муҳаммад Зоир. Дар бораи чӣ нақш доштани ӯ дар ҳамлаи “Крокус” ягон маълумот нашр нашудааст.
  8. Қурбонов Ҷумъахон Бегиҷонович, зодаи Фархор. Ба таъмини омилони ҳамлаи “Крокус” бо пул ва васоили алоқа (телефонҳои мобил) айбдор мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button