СиёсатТаърих

ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ ШИШЛЯННИКОВ – НАХУСТИН ВАЗИРИ МУДОФИАИ ТОҶИКИСТОН

Генерал-майори мустаъфӣ, номзади илмҳои ҳарбӣ, профессор кормнади аршади илмии Маркази таҳқиқоти ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва нахустин вазири мудофиаи Тоҷикистон Александр Шишлянников рӯзи 15 сентябри соли 2023 дар синни 73 вафот кард.

Дар бораи марги ин генерал, ки ба фарқ аз аксари афсарони русзабон баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия накӯчид, рӯзи 16 сентябр вазорати мудофиаи Ӯзбекистон бо нашри як номаи таслият дар сомонааш хабар дод.

“Фарзанди содиқи халқи худ, ки тамоми қувваву дониши худро барои хидмати фидокорона ба Ватан ва таҳкими иқтидори Қувваҳои мусаллаҳ ба харҷ дода буд, аз дунё рафт, Ин талафоти сангин, бановақт ва ҷуброннопазир аст. Роҳбарияти вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба наздикони Александр Владимирович изҳори андӯҳ ва ҳамдардии амиқ мекунад”, – гуфта мешавад дар номаи таслияти вазорат.

Маросими видоъ бо генерал Шишлянников 16 сентябр, соати 11:00 дар омӯзишгоҳи ҳарбии нирӯҳои танкӣ дар кӯчаи Амир Темури шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд таҳти раҳбарии муовини аввали вазири мудофиа— сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал-майор Шуҳрат Холмуҳаммадов баргузор шудааст.

Александр Шишлянников 3 ноябри соли 1950  дар шаҳри Тошканд ба дунё омада, соли 1971 омӯзишгоҳи ҳарбии танкии Тошкандро хатм кард. Ӯ солҳои зиёд дар воҳидҳои артиши Шӯравӣ дар Чехословакия ва Олмон хидмат карда, баъди хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ аз Аврупои шарқӣ дар аввали солҳои 90 барои идомаи хидмат ба Ӯзбекистон омад. Дар ин байн Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва аксари русзабонҳо аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ба Русия баргаштанд. Вале Шишлянников дар Ӯзбекистон монд ва хидматро дар артиши ин ҷумҳурӣ идома дод.

Саҳифаи аз ҳама барҷаста дар собиқаи кори Шишлянников, албатта, се соли кораш дар мақоми вазири мудофиаи Тоҷикистон аст. Ӯ дар аввали соли 1993 баробари ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон нахустин вазири мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Гуфта мешуд, ки Шишлянниковаро ҳамчун одами худ ба ин вазифа президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов пешниҳод карда буд ва ҳукумати нави Тоҷикистон ҳамчун арзи сипос ба нақши Каримов дар таъмини пирӯзии Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар ин ҷумҳурӣ  пешниҳоди раҳбари Ӯзбекистонро пазируфт. Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар заминаи нирӯҳои Фронти халқӣ маҳз дар давраи вазирии Шишлянников оғоз ёфт.

Аммо соли 1995, баъди бад шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Шишлянниковро дар мақоми вазири мудофиаи Тоҷикистон бо муовинаш генерали тоҷик Шералӣ Хайруллоев иваз карданд ва ӯ ба Тошканд баргашт.

Солҳои охир Шишлянников ба таҳқиқоти илмӣ машғул буд ва дар Академияи Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон раҳбарии кафедраи санъати амалиёти ҷангӣ ва тактикаи умумиро ба дӯш дошт. Александр Шишлянников муаллифи беш аз 70 асари илмӣ буда, таҳти раҳбариаш беш аз 20 афсари ӯзбек рисолаҳои худро ҳимоя кардаанд. Хидматҳои ӯ бо 3 ордену беш аз 50 медалу ифтихорнома ва дигар ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст. Соли 2019 бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Александр Шишлянников барои хидматҳошя дар боло бурдани сатҳи омодагии ҷангии артиши Ӯзбекистон ва ба вуҷуд овардану ташаккули илми ҳарбӣ дар ин кишвар бо ордени “Дӯстлик” (“Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button