ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ ЗАН ВА ЯК ТИФЛИ ЯКСОЛА ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 14-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 09:30, бар асари чапа шудани як мошини сабукрави тамғаи “Опел” дар  ҳудуди ноҳияи Восеъ  се мусофири ин мошин: ду зан ва як тифли яксола  ҷон бохта, як зани дигари мусофири “Опел” ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 14 сентябр, тахминан соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Аланазаров Ашуралӣ Абдиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинро чаппа кардааст.

Дар натиҷаи садама, 3 мусофири ин мошин, аз ҷумла хоҳари ронанда Аланазарова Паригул Абдиевна, соли таваллудаш 1976, ҳамчунин Хуҷаназарова Фирӯза Худойбердиевна, соли таваллудаш 1975 ва хурдсол Аланазарова Ёсамин Хайриддиновна, соли таваллудаш 2022, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Калтаева Тошгулой Худойбердиевна, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.

 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button