ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПАНҶАКЕНТ: ПАДАР ҶОН БОХТ, МОДАРУ ДУХТАР – ДАР БЕМОРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 29-уми августи соли 2023, тахминан соати 20:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Алибоев Абдулло Тоштемирович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷакент-Айнӣ”, дар ҳудуди деҳаи Нури Зинда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ба канори рости роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Абдулхайров Самӣ Исрофилович, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин шаҳр бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдулхайров С.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони ин мошин Ҷалилова Рафоат Нарзиқуловна, соли таваллудаш 1970 ва Абдулхайрзода Мавзуна Абдусамӣ, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button