ТаърихТоҷикистон

РУСИЯ ЮСУФ САЛИХОВРО БА ТОҶИКИСТОН МЕСУПОРАД. ИН “БОЕВИК”-И СОБИҚ БА ҚАТЛИ 22 НАФАР АЙБДОР МЕШАВАД

Додситонии кулли Русия 5 августи соли 2023 хабар дод, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди ба ин кишвар супурдани Юсуф Салиховро қонеъ сохтааст. Ин тасмим алакай қувваи қонунӣ гирифтааст ва Хадамоти приставҳо бояд онро иҷро кунанд,  – гуфта мешавад дар хабари Додситонии кулли Русия. Чунин хабарҳо одатан вақте нашр мешаванд, ки нафари муттаҳам алакай дар роҳи истирдод қарор дорад. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаи ҷиноятии Юсуф Салихов дар дасти ҳамин ниҳод будааст, то ҳол дар бораи оварда шудани ин ҷангии собиқ ягон иттилоъ надодааст.

Додситонии кулли Русия дар иттилоияаш гуфт, Юсуф Салихов дар Тоҷикистон ба қатли 22 нафар, аз ҷумла як зани ҳомила, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то 1997 давом кард, айбдор мешавад. Ӯ он солҳо дар ҳайъати як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ меҷангид, вале дар хабар мушаххас карда нашудааст, ки Юсуф Салихов аз кадом тараф меҷангид: аз ҷониби Фронти халқӣ ё аз тарафи оппозитсия?

Бино ба фарзияи тафтишот, аз ҷумла 14 октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанд (ба эҳтимоли ғолиб, шаҳри Сарбанд, ки соли 1992 ҳанӯз  Калининобод ном дошт ва ба як майдони тохтутози ҷангиёни Фронти халқӣ табдил ёфта буд), Юсуф Салихов ва шариконаш, тибқи маслиҳати пешакӣ амал карда, бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ шудаанд ва бо мақсади ба яғмо бурдани молу мулки як сокини маҳаллӣ ба хонааш ҳамлаи раҳзанона кардаанд. Онҳо аз автомат ҳама аъзои он хонавода ва хешу таборашонро паррондаанд ва ҷасадҳояшонро бензин рехта, оташ задаанд. Сипас Салихов ва шариконаш дар мошинҳои марбут ба он оила фирор кардаанд. Аммо ду нафар аз қурбониёни ин ҳамла зинда мондаанд ва ҳақиқатро баъдан ошкор кардаанд.

Юсуф Салихов баъдан Тоҷикистонро тарк кард ва муддати тӯлоние дар қаламрави Русия пинҳон шуда, аз ҷавобгарӣ фирор карда буд.

Додгоҳи шаҳри Бохтар 10 марти соли 2022 ҳукми ҳабси Юсуф Салиховро баровард ва ӯ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар пайи боздошташ Додситонии кулли Русия дархости истирдоди Салиховро қонеъ сохт, чунки аъмоли ӯ тибқи қонунҳои Русия низ воҷиби ҷазоянд. Масъалаи гузаштан ё нагузаштани муҳлати даъворо дар ин қазия додгоҳ бояд муайян кунад.

Додситонии кулли Русия қабули қарори истирдоди Салиховро натиҷаи ҳамкории додситониҳои Русияву Тоҷикистон дар сатҳи баланд номид ва хабар дод, ки Хадамоти федералии иҷрои ҷазо бояд қарори ба Тоҷикистон супурдани ӯро ба иҷро бирасонанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, асосан дар нимаи дуюми соли 1992 ва аввали соли 1993 ҳудуди 100 ҳазор нафар, аксар сокинони мулкӣ кушта шуданд. Аксари гунаҳкорон дар қатли мардум дар солҳои ҷанг беҷазо монданд. Танҳо ҳолатҳои алоҳидаи ба ҷавобгарӣ кашондани ҷангиёни собиқ барои ҷиноятҳои солҳои ҷанг расонаӣ шудааст.

Яке аз парвандаҳои аз ҳама пурсарусадо қазияи Хӯҷа Каримов, машҳур бо номи Хӯҷа-Командир, як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ буд, ки аз Дубай ба Душанбе истирдод гардида, барои одамрабоиҳо ва қатлҳое, ки ӯву ҷангиёнаш дар солҳои ҷанг содир кардаанд, ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button