Хабарҳои кӯтоҳ

“БА ПАДАРАМ ЯК ЗАНГ ЗАНАМ” ГУФТУ “АЙФОН”-РО ГИРИФТ ВА ГУРЕХТА РАФТ…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздии телефонҳо хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Қубодиён муроҷиат намудааст, ки 19-уми майи соли 2023, тахминан соати 19:00, Валиев Алишер Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиён, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба ҷойи кораш – ширкати букмекерӣ омада, аз ӯ 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Айфон-13-Про”-ро бо баҳонаи бо падараш суҳбат намудан гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Мурғоб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки 26-уми июли соли 2023, тахминан соати 10:30 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини шахсии марди 31-солаи сокини ВМКБ, тамғаи “Опел Зефира”, ки дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт беназорат меистод, 1 адад телефони мобилии тамғаи “Редми С35”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тақрибан панҷяки ҳамаи ҷиноятҳои сабтшуда дар кишварро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз 22 ҳазору 461 ҷинояте, ки соли 2022 дар Тоҷикистон сабт шудааст, 4868 ҳолат, ё қариб 22 фоизашро дуздиҳо ташкил доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button