Хабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ ЯК МАРД АЗ ҒАРҚШАВӢ ДАР “БАҲРИ ТОҶИК”

26-уми июли соли равон наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд дар ҷараёни навбатдорӣ дар  обанбори нирӯгоҳи Қайроққум, ё “Баҳри Тоҷик” чашмашон ба марде афтод, ки бо камераи чархи мошин шиноварӣ мекард, вале баногоҳ рӯ ба ғарқшавӣ овард. Бино ба гузориши маркази матбуорти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бо дурбин ин лаҳза басо рӯшану дақиқ дида мешуд ва имдодгарон фурсатро аз даст надода, фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва мардро аз гирдоби об берун кашиданд.

Маълум шуд, ки ӯ 35 сол дошта, сокини шаҳри Гулистон будааст.Ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонданд ва чун ҳолаш беҳ шуд, аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ намуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин шабу рӯз дар саросари кишвар имдодгарони Кумита дар соҳили обҳо навбатдорӣ ташкил кардаву соҳилҳоро назорат мекунанд. Тибқи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда, миёни истироҳаткунандагон дар мавзуи оббозӣ ва шиноварии бехатар, риояи қоидаҳои бехатариву амният суҳбатҳо мегузаронанд ва онҳоро аз паёмадҳои нохуши оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ огоҳ месозанд.

Бино ба оморҳо, аз аввали соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон тақрибан 90 нафар ғарқ шудаанд, ки беш аз нисфи онҳо, ё ҳудуди 50 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 17 ғарқ шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button