Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ҚАЛЛОБЕ, КИ БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ АЗ 3 НАФАР 180 ҲАЗОР СОМОНӢ ГИРИФТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 16.07.2023

Боздошт гардидани марди 30-сола барои қаллобӣ ва фиреби шаҳрвандон

157

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ноҳияи Фархор аввалҳои моҳи январи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 27-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Номбурда, боз такроран бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2023 ба боварии марди 67-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ равон мекунад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Дар натиҷа, ба номбургон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ду мавриди дуздии телефон аз ду мошин

133

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми июли соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, марди 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Рейнҷ Ровер” 1-адад ҳамёни чармӣ (ҷузвдон), ки дар дохилаш ҳуҷҷатҳо, 1000 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13 Про Макс” буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони милитсия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш оғоз карда шудааст.
Номбурда, 11-уми июли соли 2023, аз дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, ки ба марди 46-солаи сокини шаҳри Бӯстон тааллуқ дорад ва дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А73”, ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button