Номаҳо ба президентТоҷикистон

7 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РОҲБАРИЯТИ ВКД: НОМ БА НОМ

Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, рӯзи 12 июли соли 2023 дар мувофиқа бо президент, ин нафарон ба мансабҳои нав таъйин шуданд:

  1. Полковник Ваҳобзода Баҳодур аз вазифаи сардори раёсати экологӣ ва сайёҳӣ  озод карда шуда, ба ҷои генерал Саидзода Маҳмадсаид Борон сардори раёсати корҳои дохилии минтақа ва ноҳияи Рашт таъйин шуд.
  2. Генерал Саидзода Маҳмадсаид Борон аз Рашт ба раҳбарии Воҳиди махсус омад.
  3. Генерал Абдуллозода Самариддин Абдулло аз вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр озод ва сардори раёсати экологӣ ва сайёҳӣ таъйин гардид. Ӯ аз 10 марти соли 2021 роҳбарии Воҳиди махсусро дар даст дошт.
  4. Бахтиёр Вайсзода аз мақоми сардори шуъбаи БДА шаҳри Душанбе озод ва муовини аввали сардори раёсати БДА ҷумҳурӣ таъйин шуд.
  5. Ҳафиззода Зубайдулло баракс аз мақоми муовини аввали сардори раёсати БДА ҷумҳурӣ ба курсии сардори шуъбаи БДА шаҳри Душанбе гузашт.
  6. Полковник Қурбонзода Сӯҳроб Амиралӣ аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида,  муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд.
  7. Генерал Рустам Мирзомуродзода  аз мақоми муовини аввали сардори “Воҳиди махсус”  озод ва сардори раёсати БДА ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Ин тағйироти қаблӣ дар пайи чанд ҳодисаи пурсарусадои одамрабоист.  Президент Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъйин талаб кардааст, ки муборизаро бо  истифодаи рақамҳои қалбакӣ пурзӯр кунанд. Дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” одамрабоён аз 11 рақами гуногуни мошин истифода бурдаанд ва аз чандин посгоҳи БДА убур кардаанд, вале ягон бор кормандони БДА онҳоро манъ накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин далел, хостори аз аттестатсия гузарондани тамоми кормандони БДА ва тоза кардани саффи ин сохтмор шуд. БДА яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Генерал Рустам Мирзомуродзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button