Ҷомеа

ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ 160 ҲАЗОР МАЪЮБ БА САР МЕБАРАНД, КИ 32 ҲАЗОРАШ НОБОЛИҒАНД

8 июл дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбон аст.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Тоҷикистон, шумораи маъюбон дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли сипаригардида 159 ҳазору 526 нафарро ташкил медод, ки аз ин шумор  32 ҳазору 180 нафараш ноболиғонанд. Маъюбон дар Тоҷикистон 1,59 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд. Тибқи омор, маъюбони гурӯҳи I — 10,6 фоиз, гурӯҳи II — 48,2 фоиз ва маъюбони гурӯҳи III — 20,9 фоизро ташкил медиҳанд.

Тибқи замимаи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2022, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон (105 604 нафар), аз ҷумла иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ (24 нафар), маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (560 нафар), маъюбони рафъи садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил (1230 нафар), маъюбони хизмати ҳарбӣ (1107 нафар), маъюбони овони кӯдакӣ (меҳнатӣ 7274 нафар), маъюбони овони кӯдакӣ (иҷтимоӣ 44 ҳазору 358 нафар), маъюбони умумии бемории иҷтимоӣ (18 ҳазору 604 нафар), маъюбони то 18-сола (32 ҳазору 447 нафар) аз кумакҳои якдафъаина баҳравар гардиданд. Дар умум ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амалӣ гардида истодааст, ки дар асоси ин барнома аз ҳисоби тавонбахшӣ ҳамасола аз шумораи умумии маъюбони ба қайд гирифта аз 7 то 8 ҳазор аз рӯйхат бароварда мешаванд. Яъне саломатии онҳо барқарор гардида, дигар маъюб ҳисобида намешаванд. Давоми се соли охир дар мамлакат нишондиҳандаи маъюбият вобаста ба шумораи аҳолӣ аз 164 фоизи соли 2020 ба 157 фоизи соли 2022 паст фароварда шуд.

Маълумот аз АМИТ “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button