Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ҒОРАТГАР ТЕЛЕФОНИ ЯК КӮДАКРО АЗ ДАСТАШ КАШИДА ГИРИФТААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 05.07.2023

Боздошт гардидани марди 27-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

157

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми июли соли 2023, тахминан соати 12:00 дар кӯчаи Г.Завқибеков шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти писари ноболиғи 13-солааш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратғарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

124

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) муроҷиат намудааст, ки 30-юми июни соли 2023, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, мактуби директори филиали ҶСП ИАКХ “Ҳумо” дар шаҳри Турсунзода ворид шудааст, ки шаби 3 ба 4-уми июли соли 2023, тахминан соати 02:35, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ва шикастани терминали худхизматрасонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ки ба ҶСП ТАКХ “Ҳумо” тааллуқ дорад, аз сандуқи маблағҷамкунанда 35 ҳазору 26 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 37 ҳазору 26 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button