ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОЯШ ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-МЮНХЕНРО АФЗОИШ МЕДИҲАД

Ширкати “Сомон Эйр”, ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон, рӯзи 30 июни соли 2023 аз афзоиши шумораи парвозҳояш дар хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти “Сомон Эйр”, аз 19-уми июли соли ҷорӣ ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.

“Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ба ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад”, – гуфта шудааст дар иттилоияи нашршуда.

 Вақти парвоз аз Душанбе – 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 сурат мегиранд.

 Дар ҳоли ҳозир, ширкати ҳавопаймоии  “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ва ба чандин шаҳри Русия анҷом медиҳад. Парки ин ширкат аз 6 ҳавопаймои муосири Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

 Хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе ягона хатсайрест, ки Тоҷикистонро мустақиман бо Иттиҳоди Аврупо мепайвандад. Аз ин хатсайр асосан мусофироне, ки нақшаи сафар ба Аврупо ва дигар кишварҳои дунё, аз ҷумла ба Амрикоро доранд, истифода мебаранд.

 Қаблан дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ –  ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ва ширкати хусусии “Сомон Эйр” фаъолият доштанд. Вале “Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрони амиқи молиявие, ки аз гиребонаш гирифтааст, аз поёни соли 2018 инак чоруним сол боз аз имкони анҷоми парвозҳо маҳрум шудааст. Кӯшишҳо барои дигарбора фаъол сохтани “Тоҷик Эйр” инак чанд сол боз бенатиҷа боқӣ мемонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button