ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: ТО 2 ИЮЛ ДАР ЯК ҚИСМИ ТОҶИКИСТОН ХОКБОРИШ МЕШАВАД ВА БАЪДИ ОН – БОДИ ШАДИД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошинослог ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони ҷумҳурӣмерасонад, ки аз 30-уми июн то 2-уми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард. Рӯзҳои 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди шадид дар назар дошта шудааст. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ёдшуда шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония хоҳад вазид.

Рӯзҳои 29-уми июн то 5-уми июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо эҳтимол дорад. 

Аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ бар асари омилҳои метеорологӣ (чангу хок) олудагии ҳаво бо моддаҳои беруна, ҳиссачаҳо, ки  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5)-ро ташкил хоҳад дошт, дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.

Дар чунин рӯзҳо худдорӣ кардан аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо тавсия дода мешавад

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд”, – гуфта мешавад ҳамчунин дар ҳушдори Кумита.

Солҳои охир мавридҳои хокбориш ё “афғонбод” дар Тоҷикистон хеле зиёд шудааст. Мақомот ва Академияи илмҳо инро ба асароти тағйирёбии иқлим бастагӣ медиҳанд, вале ҳомиёни муҳити зист бераҳмона буридани дарахтҳо, биёбоншавию шӯршавии ҳазорон гектар замини кишт ва дигар паёмадҳои бархӯрди бефикронаи инсон нисбат ба табиат рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button