ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ НОБОЛИҒ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РОҲГУЗАР ДАР РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН

28-уми июни соли 2023, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Марк Zio”, Қобилов Абдуғанӣ Самиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Рӯдакӣ ба самти кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи истгоҳи “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Назиров Муҳаммад Файзалиевич, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Кулобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Назиров М.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
28-уми июни соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандани автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, Ҳакимов Акмал Эркинович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди хурдсол Каримова Муниса Ғашовна, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Каримова М.Ғ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
28-уми июни соли 2023, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мирзораҳимов Диловар Хуршедович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Юсупов Муслиҳиддин Носирович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Юсупов М.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд.

Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, садҳо нафар аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button