Муҳоҷирон

ИХРОҶИ БОЗ 43 МУҲОҶИР, АЗ ҶУМЛА 21 ӮЗБЕКУ 15 ТОҶИК, АЗ КАЛУГА ДАР МОҲИ МАЙ

Хадамоти приставҳои вилояти Калугаи Русия рӯзи 10 июни соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки дар тӯли моҳи май аз ин вилоят боз 43 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 21 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои нашршуда, дар асоси қарорҳои додгоҳҳо дар бораи аз қаламрави Русия ихроҷ ё берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ, моҳи май ба хадамоти приставҳои вилояти Калуга 43 ҳукми ихроҷи хориҷиён расид, ки аз ин шумор 21 нафараш атбои Ӯзбекистон, 15 нафар аз Тоҷикистон, 3 нафар аз Молдова, 2 нафар аз Афғонистон ва якнафарӣ аз Туркманистону Қирғизистон буданд.

 “Ин шахсон дар қаламрави вилояти Калуга ва Русия ғайриқонунӣ қарор доштанд ё  кор мекарданд. То замони ихроҷашон онҳо дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта мешуданд. Дар давоми моҳи май приставҳои Калуга ҳамаи ин 43 шаҳрванди хориҷиро то гузаргоҳҳои марзӣ дар фурудгоҳҳои пойтахти Русия, шаҳри Маскав бурда расонданд. Аз онҳо онҳоро бо парвозҳои мухталиф ба кишварҳояшон фиристоданд”, – хабар дод хадамоти приставҳои Калуга.

Ин ниҳод афзудааст, ки ҳамаи ин 43 хориҷии ихроҷшуда барои 5 соли оянда аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд.

Тақрибан ҳар ҳафта аз вилояти Калуга дар бораи ихроҷи гуруҳҳои нав ба нави муҳоҷирони хориҷӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла моҳи март аз Калуга 28 муҳоҷири хориҷӣ ва моҳи апрел наздики 40 муҳоҷирро ихроҷ карданд, ки аксари онҳо ҳам аз Осиёи Марказӣ, асосан аз  Ӯзбекистону Тоҷикистон буданд.

Ёдовар мешавем, губернатори ҳозираи вилояти Калуга Владислав Шапша сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронро пеш гирифтааст. Дар давраи раҳбарии ӯ дар Калуга муҳоҷиронро ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду реза дастгир ва ихроҷ мекунанд.

Дар Русия губернаторҳоро президент таъйин мекунад. Мутаассифона, солҳои охир президенти Русия Владимир Путин дар чандин вилоят, аз ҷумла дар Калуга, Тула ва Калининград, ва ҳамин тавр, дар мансабҳои баланди ҳукуматӣ нафарони мавқеашон ошкоро зидди муҳоҷиронро губернатор ё вазир ваё раҳбари идора таъйин кардааст.

Солҳои пеш ихроҷи муҳоҷирон ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё насупурдани пули барқу телефон хеле зиёд шуда, шумори танҳо шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. Солҳои охир ин тамоюл рӯ ба коҳиш овард, вале боз ҳам ҳар сол даҳҳо ҳазор муҳоҷирро аз Русия берун мекунанд.

Барои кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳояшон пули аз Русия фиристодаи азизони муҳоҷири онҳост, аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷир ба маънои аз як манбаи асосии даромадаш маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон асосан бо шарофати муҳоҷирон 2,5 миллиард доллар пул фиристода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button