СЕ ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИНУ ЗАМИН ДАР ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ СКУТЕР ДАР БАЛХӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 07.06.2023
Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 27-уми декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳраки Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дар давоми рӯзҳои 14-уми март, 10-уми апрел ва 16-уми майи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва 1-адад автомашинаи тамғаи «Нексия»-ро ба маблағи умумии 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷинояӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Истаравшан моҳи ноябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани 0,12-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаи алоҳинишин маблағи 195 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ба даст афтодани марди дузд

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми июни соли 2023, шасхони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди роҳи мошингарди ҶДММ “Бозори-Баҳор” 1-адад скутери тамғаи “Укта”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.