ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БАҲСИ РЕЙДҲОИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР МУЗОКИРАҲО БО ДУ ВАЗИРИ ҲУКУМАТИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Дар ҳоле ки рӯзи 5 июни соли 2023 вазирони корҳои дохилию хориҷии Русия Владимир Колоколтсев ва Сергей Лавров бо сафарҳои расмии алоҳида вориди Тоҷикистон шуданд, нирӯҳои пулиси Русия аз сохтмони як мактаб дар шаҳраки Ржавкии ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав боз 24 муҳоҷири тоҷикро, ба қавли ин муҳоҷирон, “бардошта бурданд”.  

Муҳоҷироне, ки дар сохтмони ин мактаб кор мекунанд, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки санадҳояшон дуруст буд ва онҳо дар сохтмони ин мактаб қонунӣ бо патент ва қарордод кор мекарданд, вале бо ин вуҷуд кормандони пулис бо баҳонаи “тафтиши ҳуҷҷатҳо” онҳоро ба шуъбаи пулис бурда, чандин соат нигоҳ доштанд ва бо ҳар баҳона протокол карданд.

Ин рейди навбатӣ ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки бино ба хабарҳои расмӣ, вазирони корҳои дохилию хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқотҳояшон бо Владимир Колоколтсев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва бо Сергей Лавров дар Душанбе дар баробари масоили дигар мавзӯи боздоштҳои муҳоҷиронро низ баррасӣ кардаанд.

Вазорати дохила дар ин бора танҳо як ҷумла хабар додааст, ки: Ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он мавриди муҳокимаронии роҳбарони аввали вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия қарор гирифт.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияаш дар бораи баррасии масъалаи муҳоҷират дар ҷараёни музокироти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лавров тафсилоти бештар додааст: “Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд.

Лавров дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот дошт, вале дар ин бора ки оё оқои Раҳмон бо Лавров мавзӯи муҳоҷиратро баррасӣ кард ё на?, дар иттилоияи расмии хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Дар бораи ин ки мақомҳои баландпояи ду кишвар дар масъалаи муҳоҷират ба чӣ тавофуқ ё муомилае расиданд ва оё ин ҳама рейдҳои беист ба зидди муҳоҷирони тоҷик дар Русия қатъ хоҳад шуд ё на?, низ дар иттилоияҳои расмӣ чизе гуфта нашудааст.

Сергей Лавров дар нишасти хабарии муштаракаш бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳадалимкон аз ҳар навъ шарҳи ин мавзӯъ фирор кард ва танҳо чанд маълумоти кӯҳнаро зикр кард. Аз ҷумла ӯ ёдовар шуд, ки Маскав ҳамеша пешниҳодҳои Душанбе барои афви муҳоҷиронро мепазирад ва бори охир ду сол пеш 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро, ба ибораи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия, “бо вуҷуди қонуншиканиҳои маъмурӣ доштанашон” афв кард. Лавров танҳо ваъда дод, ки “минбаъд ҳам ба манфиатҳои дӯстони тоҷикамон бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат хоҳем кард ва мушкилоти пешомадаро қатъиян дар чорчӯби қонунгузории Русия ҳал хоҳем кард”.

Лавров баъдан дар суханрониаш дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфт, “бисёриҳо кӯшиш доранд, ки байни Русияву Тоҷикистон ҷудоӣ андозанд, вале “кӯшиши ҷудоиандозӣ байни кишварҳои мо ба ҷое нахоҳад расид”. Ӯ дар мавриди ин иддаои худ тафсилот надод.

Боздиди якбора ду узви муҳим ва баландпояи ҳукумати Русия аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи чанд ҳафтаи охир аз Русия дар бораи мавҷи нави боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд. Ин мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шуд. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Вазири дохила, омбудсмен ва додситони кулли Тоҷикистон низ аз ҳамтоёни руси худ хостанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button