ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ОҚИБАТИ ҶАНГ: САДДИ ОБАНБОРИ НИРӮГОҲИ КАХОВКА РАХНА ШУДААСТ (ВИДЕО)

Субҳи 6-уми июни соли 2023 расонаҳои украинӣ аз тахриби сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Каховка”, ки дар вилояти Херсони Украина ва ҳол бошад таҳти контроли Русия қарор дорад,  хабар доданд. Ҷониби Русия дар аввал рахна шудани саддро “хабари  фейк” гуфт, вале баъдан тасдиқ кард, ки сарбанди нирӯгоҳ рахна шудааст. Обанбори нирӯгоҳи Каховка як манбаи асосии таъмини оби нимҷазираи аз сӯи Русия ишғолшудаи Қрим ба шумор мерафт ва ҳатто  президенти Русия Владимир Путин соли гузашта дар як суханрониаш таъмини оби Қримро яке аз сабабҳои шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина ном бурда буд.

Фармондеҳи фаврии нерӯҳои “Юг”-и Украина дар саҳифаи фейсбуки худ Русияро айбдор намуд, ки артиши Русия дамбаи нерӯгоҳи “Каховка” -ро тарконид. Мақомоти ҳарбии Украина мегӯянд, садди обанбори нирӯгоҳи Каховкаро нирӯҳои дивизияи 205уми артиши Русия таркондаанд.

Шаҳрдори Новая Каховка Владимир Леонтев, ки аз ҷониби Русия ба вазифа гузошта шудааст, дар аввал хабари рахна шудани обанборро “ҳарза” номид, вале баъдан ин хабарро тасдиқ ва ҷониби Украинаро айбдор кард, ки “бар асари мушакборони украиниҳо ба садд осеби ҷиддӣ расида, чанд дарғот хароб гардидааст. Аз ин лиҳоз об ба поён ҷорӣ шуда истодааст”. Бино ба хабарҳо,  як қисмати бузурги шаҳри Новая Каховка бар асари фурӯ рехтари оби обанбор алакай зери об мондааст.

https://twitter.com/adagamov/status/1665982965887762433

Аммо манобеи ТАСС дар ҳукумати Русия мушакборон шудани садд аз тарафи артиши Украинаро рад карда, гуфтаанд, “ҳамлаи мушакӣ дар гирди атрофи сарбанд ба қайд гирифта нашудааст. Садд ба ҷараёни об тоб наоварда як дарғот рахна шуд ва ҳаминтавр обхезӣ ба амал омад”.

карта

Дар Украина бар инанд, ки Русия бо мақсади гирифтани пеши роҳи ҳамлаи ҷавобии артиши Украина даст ба тахриби обанбор задааст.

Дар робита ба тахриби садди нерӯгоҳи обӣ, президенти Украина хостори нишасти изтирории Шӯрои амнияти миллӣ шуд. Ӯ дар саҳифаи Твитери худ навишт: Террористони Русия бо тахриб намудани садди “Каховка” бори дигар ба ҷаҳониён тасдиқ намуданд, ки онҳоро бояд аз ҳар гӯшаю канори хоки Украина ронд. Ҳатто як метри мураббаи хоки Украинаро набояд ба онҳо вогузошт, зеро онҳо замини Украинаро ба мақсади террори мардуми Украина истифода мебаранд. Танҳо ғалаба ба мардуми Украина амниятро фароҳам меоварад ва мо ба ин пирӯзӣ даст хоҳем ёфт. На об, на мушак ва на ҳеҷ амалҳои террористии Русия пеши роҳи Украинаро гирифта наметавонад…”.

https://twitter.com/ZelenskyyUa/status/1665952784665964545

Аммо сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков даст доштани Русия дара тахриби саддро рад намуда мегӯяд, ки “ин амали аз қабл тарҳрезишудаи Украина аст. Чун артиши Украина зимни ҳамлаҳои ҷавобии худ ба ягон пешравие дар ҷабҳаҳои ҷанг ноил нашуд, даст ба чунин вайронкориҳо зада истодааст. Ҳама ҷавобгарӣ ба гардани режими Киев аст”.

Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Даря Заривная гуфтааст, “тарконидани садди “Каховка” аз ҷониби артиши Русия ин барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои ҷавобии Украина аст ва онҳо мехоҳанд бо ин роҳ монеа эҷод кунанд, то ҳамлаҳои артиши Украина кунд шавад”.

Ҳамчунин Даря Заривная илова намуд, ки “тарконидани садди нерӯгоҳ ин маънои онро дорад, ки Қрим бе об мемонад”.

Ҳанӯз дар аввалин рӯзҳои ҷанг, ки вилояти Херсони аз тарафи артиши Русия ғасб шуда буд, волии Қрим гуфта буд, ки яке аз ҳадафҳои ҷанг ин барқарор намудани обрасонӣ аз вилояти Херсон ба нимҷазираи Қрим аст. Бино ба боварии ҳукумати Русия, барқарор намудани обрасонӣ аз ин обанбор ба минтақаҳои ғасбшудаи Қрим миллардҳо рубл фоида меорад.

Ҳанӯз моҳи октябри соли 2022 президенти Украина гуфта буд, ки “агрегатҳои НОБ-и “Каховка” аз ҷониби террористҳои рус бомбгузорӣ шудаанд”. 

новая каховка
Қисми зиёди Новая Каховка зери об мондааст

Моҳи ноябри соли 2022 пас аз ақибнишинии артиши Русия аз Херсон аксҳои моҳворавии НОБ-и “Каховка” дар фазои интернет нашр шуданд, ки баъзе аз қисматҳои садд дар онҳо осебдида ба назар мерасиданд. Ҳамчунин дар ин аксҳо пурра тахриб шудани ду пул, пули “Антонов” ва пули “Даревск” низ дида мешуд, ки артиши Русия қасадан барои гирифтани пеши роҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина тарконида буданд.

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Русияро дар вайрон кардани обанбори нирӯгоҳи Каховка айбдор мекунанд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг тахриби обанбори нирӯгоҳи Каховкаро амале номид, ки “бори дигар бераҳмии ҷанги Русия дар Украинаро ба намоиш мегузорад”.

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел бо изҳори шок аз ин ҳамла гуфт, “аз байн бурдани иншооти мулкӣ ҳамчун ҷинояти ҷангӣ таъбир мешавад ва мо Русия ва лухтакҳои дастнишондаашро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашонд”.

https://twitter.com/CharlesMichel/status/1665971118354710529

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button