ВарзишВидео

НАБАРДҲОИ НАХУСТИНИ БОЗ ДУ ТОҶИК ДАР UFC: ПИРӮЗИИ МУҲАММАД НАИМОВ БО НОКАУТ ВА БОХТИ МУИН–ТОҶИК (ВИДЕО)

Шаби 3 ба 4 июни соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Амрико нахустин набарҳои боз ду размандаи тоҷик: Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров дар майдони UFC (Ultimate Fighting Championship), мӯътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши ҷангҳои бидуни қоида (ММА) доир шуд.

Муҳаммад Наимов, ки 28 сол дорад ва аз соли 2019 талош дошт, то ба UFC роҳ биёбад, вале тоза чанд рӯз пеш ва он ҳам гӯё шартан ба ин лига пазируфта шуд, набарди аввалини худро бо пирӯзии мутлақу бечунучаро анҷом дод: Муҳаммад алакай дар поёни даври дуюми набард рақиби ҳамсолаш аз Австралия Ҷейми Малларкиро бо як ҳук ё зарбаи сахт аз тарафи рост ба нокаут фиристод ва нафақат пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст овард, балки набарди ӯ “Беҳтарин набарди шаб” дониста шуда, ба Муҳаммад 50 ҳазор доллар ҷоизаи иловагӣ ҳам овард. Чунин ҷоизаро ба ҷуз аз варзигкори тоҷик боз ба размандаи амрикоӣ Ҷим Миллер доданд, ки ӯ ҳамватанам Ҷессе Батлерро алакай дар сонияи 23-юми даври аввали набард ба нокаут фиристода буд.

Муҳаммад Наимов, ки баъди ин пирӯзӣ дар ҷайбаш 9 пирӯзӣ ва ҳамагӣ 2 шикаст дорад, ба маросими эътои ҷоизаҳо тоқии тоҷикии “чакан” дар сар баромад.

Мутаассифона, кори размандаи дуюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров, маъруф ба Муин-Тоҷик, имшаб дар мусобиқаи UFC Vegas 74 дар Лас-Вегас омад накард. Муин-Тоҷик, ки тоза чанд рӯз пеш – 17 май –  ба синни 27 расид, набарди аввалинашро бохт.

Ин ки Муин-Тоҷик бо UFC қарордод бастааст, ҳамагӣ як ҳафта пеш маълум шуд. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки ба ҷои Матеус Мендонке ба зидди Ҷон Кастанедаи амрикоӣ ба майдон барояд. Муин ҳамаи се даври набард хуб ҷангид, вале дар ниҳоят ҳакамон якдилона пирӯзиро ба рақиби амрикоии ӯ доданд.

Ёдовар мешавем, дар лигаи муътабари UFC алакай 4 тоҷик ҳунарнамоӣ доранд. Ду нафари аввали онҳо Нурулло Алиев ва Лоиқ Рақабов дар поёни моҳи феврал ва аввали марти соли 2023 набардҳои аввалини худро дар ин лига бо пирӯзӣ анҷом доданд.

Пирӯзии зебои Муҳаммад Наимов ва пуштибонии гарми мухлисони тоҷик аз размандагони тоҷикро раҳбари UFC Дана Уайт низ ситоиш кардааст.

Дана Уайт дар нишасти хабариаш нақл кард ки: “Чанде пеш мо бо бачаҳо дар як боғи Ню-Йорк сайругашт доштем, ки як издиҳоми ҷавонони тоҷик пеши мо омаданд. Онҳо ҳама дар бораи Муҳаммад Наимов гап мезаданд. Ин боварнокарданист! Ин бачаҳои тоҷик аз ҳама гӯшаҳои боғ  ба пеши мо давида омаданд. Офаринашон, ки размандагони худро бо чунин ҳарорат дастгирӣ мекунанд! Вақте як нафар аз Тоҷикистон ба майдон мебарояд, сокинони Тоҷикистон ҳамагӣ дар варзишгоҳ ҷамъ омада, набарди ӯро тамошо мекунанд. Ин хеле шоистаи ситоиш аст!”

Шоми шанбе дар Лас-Вегас Дана Уайт худаш шахсан ба ҳуҷраи либосивазкунии Муҳаммад Наимов омад, то ӯро бо пирӯзии барҷастааш дар нахустин набард дар UFC табрик кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button