ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ХОЛАИ ФОТИМА, КИ БО ЛАҲҶАИ ШИРИНИ ДАРВОЗИАШ ПРЕЗИДЕНТРО БА ВАҶД ОВАРДА БУД (ВИДЕО)

Фотима Сулаймонова, як зани хонашин, вале хеле хушсавод аз деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз, ки соли 2021 бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми мулоқоташ бо фаъолони Дарвозу Ванҷ мафтун карда буд, рӯзи 2 июни соли 2023 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Даргузашти холаи Фотимаи Дарвозиро бо нашри чанд байти пурсӯз дар Фейсбук бародари ӯ Раҳимҷон Хушқадамов низ тасдиқ кард:

Тани беҷону ту беханда имрӯз ,

Барандат сӯи хоки канда имрӯз .

Гузоранд ҷисми нозуки ту бар хок ,

Ҳама донем хомӯш бо қалби сад чок .

Ҳама чор хоҳарат дар чор сӯят,

Бародарҳо ба бар чун ҳарду рӯят.

Мани зори ғариб танҳои танҳо ,

Ба ҳарсӯ медавам бо ёди бӯят .

Почобибӣ Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Дарвоз ба сомонаи “Оила” иттилоъ дод, ки  холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Душанбе омада, рӯзи 2-юми июн дар инҷо фавтидааст. “Тибқи баъзе хабарҳо фишори хунаш баланд шудааст”, – гуфтааст муовини раиси ноҳияи Дарвоз.

Бори аввал номи ин зани ширинсухан ду сол пеш баъди як изҳори назараш дар бораи дигаргун шудани симои Душанбе дар барномаи “Муждаи дай” – и телевизиони Тоҷикистон вирди забонҳо шуд. Навори кӯтоҳи суханони ӯ, ки бо лаҳҷаи ширини Дарвоз мегуфт, “Душанбе ранги Париж шиай”, дар Интернет паҳн шуд ва маҳз баъди ҳамин қабл аз сафари президент ба суроғи холаи Фотима омадаанд, ки дар назди Эмомалӣ Раҳмон низ бадоҳатан бо ҳамин лаҳчааш суҳбат кунад.

Баъди ин суханронӣ, ки 27 сентябри соли 2021 дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Дарвозу Ванҷ сурат гирифт, аз ҳукумати ноҳия ба холаи Фотима ду гови ҷӯшо туҳфа карда буданд.

Холаи Фотима дар мусоҳиба бо нашрияи “Ёр.Тҷ” гуфта буд, ки суханронии ӯ аз пеш омода нашуда буд, балки бо президент бадоҳатан суҳбат кардааст. Холаи Фотима нақл кардааст, ки баъди хатми мактаб мехост ҳунарпешаи синамо шавад, вале дар синфи 11 ба муаллими ҷавон Талабшо Акобиров, ки ба мактаби онҳо (мактаби № 4 деҳаи Зинг) ба кор омада буд, дил баст ва баъди хатми мактаб онҳо бо розигии волидонашон издивоҷ карданду бо ҳамин ӯ орзуи ҳунарпеша шуданро ба ишқ иваз кард. Холаи Фотима гуфта буд, аз ин интихоби кардааш пушаймон нест.

Холаи Фотима, ки 22 набераю 3 абера дошт,  ҳамон сол дар пайи мутолиаи беш аз 100 китоб дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” низ иштирок кард ва ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳ ёфта, 5 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҳам ба даст оварда буд.

Видеои суҳбати ширини як зани дарвозӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ба худ ҷалб кард.  Холаи Фотима бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ президентро ба ноҳияи Дарвоз хушомадед гуфт ва аз ӯ ситоиш кард, ки “гуфта будӣ, Дарвозро ба дарвозаи тиллоии Бадахшон табдил медиҳам. Дар ҳақиқат, ин корро кардӣ!”

Фотима Сулаймонова  дар ин суҳбати пур аз шӯхию зарофатҳои мардумиаш ба президент нақл кард, ки ӯву дугоникиаш Зуҳро дар вақташ таҳсили хуб доштанд ва китоби зиёде ҳам хонда буданд, вале азбаски духтарони кӯҳистон шароити ба хондан рафтан надоштанд, ҳамаи хондани онҳо ҳам беҳуда шуд. “Ҳоло квотаҳои президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистонро мебинему ба дилам мегӯям, ки чум, Зуҳроро ба хондан бифиристам?”– гуфт холаи Фотима.

Холаи Фотима дар охир аз президент, ки ба суханони ӯ “аҳсан!” мегуфту ба шӯхиҳояш механдид,  хост, то ҳамроҳ акс бигиранд. Президент розӣ шуд.

-Биём? – пурсид бори дигар холаи Фотима ва вақте президент боз “ҳа” гуфт, ба минбар ба пеши президент рафт ва ӯро ба оғӯш кашид. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон чанд акси муштараки Фотима Сулаймонова бо Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронии холаи Фотима хеле ба ваҷд омада буд, гуфт, вазни 5 дақиқа суханронии холаи Фотима баробари ним соат суханронии худи ӯ буд. Ӯ гуфт, ҳатман бисёре аз аъзои ҳайъати ҳукумат, ки ҳамроҳи ӯ аз Душанбе омадаанд, бисёре аз суҳбатҳои холаи Фотимаро нафаҳмиданд. Эмомалӣ Раҳмон лаҳҷаи Дарвозро “бениҳоят забони шевои ширини тоҷикӣ” номид ва гуфт, “холаи Фотима бо ҳамин лаҳзаи шевою ширин суҳбат кард. Баъди чунин суханон чӣ хел дӯст намедорӣ ин хел мардумро? Чӣ хел дӯст намедорӣ ин миллатро? Дигаронро намедонам, вале дар ин лаҳзаҳо ҳама вазниниҳои дунё аз сари ман дур шуд, бениҳоят сабук шудам.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button