ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ВИДЕО: АЗ ЯК ҶАНГАЛЗОР ДАР РУСИЯ ҶАСАДИ ДУ ЗАНИ ТОҶИКИ КУШТАШУДАРО ЁФТААНД

Дар Интернет сабти видеоие нашр шудааст, ки бино бар он, рӯзи 30 майи соли 2023 дар ҷангалзоре дар канори яке аз шаҳрҳои Русия ҷасади ду зани тоҷикро пайдо кардаанд. Дар ин бора хабари расмие нашр нашудааст, вале бархе хабар додаанд, ки ин ҳодиса дар канори шаҳраки Котелники, маконе, ки аз 18 май ба ин тараф ба мавҷи рейдҳои густардаи ОМОН ба зидди муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтааст, рух додааст.

То кунун мақомоти расмӣ, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ин сабти видеоиро шарҳ надодаанд, вале дар видео, ки зоҳиран аз тарафи як ҷавони тоҷик сабт шудааст, лаҳзаи аз даруни ҷангал баровардану бурдани дастикам як ҷасад нишон дода мешавад. Дар навор як зан ба тоҷикӣ мепурсад ки: “Куштанд?” Наворбардор ба русӣ ҷавобаш медиҳад ки: “Умер”. Дар идомаи навор дар ҳоле ки кормандони пулис ва санитарҳо ҷасадро дар даруни кленка печонда, бо худ мебурданд, чанд нафар асли ҳодисаро мепурсанд ва наворбардор ба русӣ ба онҳо ҷавоб медиҳад ки: “Это две женщины из Таджикистана. Они погибли на месте” (“Инҳо ду зан аз Тоҷикистонанд. Ҳарду дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд”).

Ягон тафсилоти дигари ин ҳодиса маълум нест. Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки кай ва дар куҷои Русия ёфт шудани ҷасадҳоро дақиқ кунад. Вале онҳое, ки ин видеоро нашр кардаанд, мегӯянд, ҳодиса рӯзи 30 май дар ҷангалзоре дар наздикии шаҳраки Котелники рух додааст.

Нашри ин видео дар ҳолест, ки рӯзҳои охир аз шаҳрҳои гуногуни Русия дар бораи афзоиши рейдҳо ба зидди муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аз шаҳраки Котелники дар канори шаҳри Маскав шикоят доранд, ки рӯзҳои 18 ва 24 май дар ин шаҳрак рейдҳои ОМОН доир шуда, ҳудуди 400 тоҷикро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки гӯё як гуруҳи сокинони Котелники ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳузури, ба ақидаи онҳо, беш аз ҳадди тоҷикҳо дар ин шаҳрак шикоят кардаанд ва маҳз баъди ҳамин шикоят нирӯҳои пулис ва ОМОН болои сари тоҷикҳо дар Котелники фурӯ рехтаанд. Тоҷикҳои муқими Котелники, ҳатто онҳое ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд, мегӯянд, аз тарси таъқиб аз хонаҳояшон берун намебароянд ва ҳамаи ошхонаҳои марбут ба тоҷикон, аз ҷусмла “Амина”, “Дидор” ва “Роҳат” дар инҷо баста шудаанд.

Ҳамин тавр, субҳи 19 май нирӯҳои ОМОН ва ФСБ ба хобгоҳи Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур фурӯ рехта, дурбинҳои назоратиро хомӯш кардаанд ва донишҷӯёни тоҷикро, ки ягон амали ғайриқонунӣ содир накарда буданд, бераҳмона лату кӯб намуда, ҳуҷҷатҳову телефонҳои онҳоро мусодира намудаанд. Донишҷӯёни тоҷик шикоят доранд, ки нирӯҳои ОМОН ва ФСБ дар хобгоҳ танҳо донишҷӯёни тоҷикро “шикор” мекарданд ва онҳоро латтукӯб ва дар роҳрав қатор карданд ва танҳо баъди ин аз онҳо ҳуҷҷат пурсиданд.

Маъмурияти Донишгоҳи шаҳри Комсомолски лаби Амур сабаби рейди субҳи 19 майи ОМОН дар хобгоҳи ин донишгоҳро ҷустуҷӯи донишҷӯи тоҷике номид, ки гӯё ба кадом созмони террористӣ пул гузаронда бошад. Вале зоҳиран ин танҳо як баҳонаи бофта барои анҷоми ин рейд буд, зеро маъмурияти донишгоҳ эътироф кард, ки ин фарзияи пулгузаронӣ тасдиқ нашуд.

Субҳи 30 май бошад даҳҳо муҳоҷири дигари тоҷикро аз хобгоҳашон дар назди истгоҳи метрои “Митино” дастгир карда, ба пулис бурданд. Сафорати Тоҷикистон гуфт, дар Митино 57 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Ахиран ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеоҳое расид, ки аз идомаи бадрафтории нирӯҳои ОМОН нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар ҷараёни рейдҳо дарак медиҳад.

Мавҷи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия мояи нигаронии мақомоти Душанбе шудааст. Рӯзи 24 май вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба муносибати бераҳмона нисбат ба беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур ва дигар ҳодисаҳои марбут ба таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба вазорат даъват карда, таъкид кардааст, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Ҳамин тавр, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва омбудсмени тоҷик Умед Бобозода аз ҳамтоёни руси худ хостанд, ки ба ин қазияҳои марбут ба таъқиби муҳоҷирони тоҷик дахолат карда, ба тафтиши мунсифонаи ин ҳодисаҳо мусоидат кунанд.

Бархе нозирони умур тахмин мезананд, ки ин мавҷи нави таъқиботу фишор нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия метавонад ба натиҷаҳои нишасти якуми сарони Хитой ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан рабт дошта бошад, ки Хитой дар он нишаст ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъдаи қариб 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дода, амалан худро ба ин давлатҳо ҳатто аз Русия ҳам наздиктар сохт. Зоҳиран Русия, ки ба сабаби дар ботлоқи ҷанги Украина дармонданаш хеле заиф шудааст ва дигар тавони гирифтани пеши роҳи тавсиаталабии Хитойро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ надорад, барои  фишор расондан ба ҳукуматҳои ин минтақа, ки онро “ҳавлии дарунии худ” ва қаламрави нуфузи таърихиаш мешумурд, аз ягона василаи фишори дар дасташ боқимонда, яъне қартаи муҳоҷирони корӣ истифода мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button