ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ МОДАР БО ДУ ФАРЗАНДАШ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҶИП”-И “БМВ“ ДАР ЁВОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нима шаби ҷумъа, 26-уми майи соли 2023, дар ҳудуди ноҳияи Ёвон як зани 36-сола бо ду кӯдаки хурдсолаш, ки духтараш 15 ва писараш ҳамагӣ 6 сол дошт, зери чархи мошини “ҷип” мондаанд. Дар натиҷаи садама, ҳарсе ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои ВКД, нимашаби 26-уми майи соли 2023, тахминан соати 23:45, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ Х-“, Шаҳбозҷони Назаралӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Меҳвар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Фарзонаи Раҷабмурод, соли таваллудаш 1987, Алимардонова Фирӯза Рӯзиқуловна, соли таваллудаш 2008 ва Алимардонов Анушервон Рӯзиқулович, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа Фарзонаи Р. Алимардонова Ф.Р. ва Алимардонов А.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, мутаассифона, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 27-уми майи соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Эмомов Фирӯз Ҳамрохонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ёвон, дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишаста, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Калинин ба самти ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ дар назди канали обгузари деҳаи Чашмасор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канали обгузар чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири дохили ин мошин Бобохоҷаев Раҷабмурод Аҳмадович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Аз аввали моҳи май бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон алакай наздики 40 нафар ҷон бохтаанд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button