ВидеоҶомеа

ЯК ПАДАРИ ҶОҲИЛ ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ ЗАНУ ДУХТАРИ ХУДАШРО ЧАНД КОРД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати сӯиқасд ба куштори зану фарзанд аз ҷониби падари ҷоҳил хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони сӯиқасди одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, 24-уми майи соли 2023, тахминан соати 14:30- дақиқа, дар манзили истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, ду маротиба ба бадани ҳамсараш, зани 36-солаи сокини ҳамон ҷо зада, боз бо ин қаноат накарда, бо корд ба узвҳои муҳими бадани духтари ноболиғи 12-солааш якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа, ҳамсараш ва духтари ноболиғаш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳëгарии беморхона бистарӣ гардидаанд”, гуфта мешавад дар иттилоия.

ВКД дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳои қасди ҷони зану фарзанди худаш кардани ин марди ҷоҳил тафсилоти дигар надода, танҳо гуфтааст, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштор ё қасди куштори ҳамсарон аз дасти шавҳарон, тавре аз натиҷаҳои тафтишот бармеояд, асосан дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Аз ҷумла бино гузориши қаблии ВКД, шаби 9-уми феврали соли 2023, тахминан соати 23:30, ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ҳиссиёти рашк бо корд 3-4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯси хурдсолаш задааст. Кӯдаки бечора, ки ҳамагӣ 8 сол дошт, аз қазо ҳамон шаб дар паҳлӯи апааш хоб рафтааст. Дар натиҷаи ҳамла ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҳамин тавр, тахминан соати сеюними шаби 6-уми феврали соли 2023, як  марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсари 53-солаашро бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Маълум нест, ки  мояи он “ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ” чӣ  буда ва дар он поси шаб байни зану шавҳар чӣ муноқишае бархостааст, ки ба чунин фарҷоми маргбор овардааст?
ВКД танҳо гуфт, ки нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми якуми моддаи 104  1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамчунин кормандони милитсия як сокини 35-солаи ноҳияи Данғараро бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин сокини Данғара рӯзи  31-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:00, аз бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе як корд харида, ба ноҳияи Данғара рафтааст. Тахминан соати 18:00 ӯ ба ноҳияи Данғара расида, дар як нуқтаи фурӯши машрубот 200 грамм нӯшокии коняк нӯшида, сипас дар ҳолати мастӣ ба хонаи волидайни ҳамсараш, зани 30-солаи ноҳияи мазкур рафтааст ва  бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, бо корди бо худ овардааш 11 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст. Да натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Хизматгузори фарзандон, на фармонраво гуяд:

    Мутаассифона аксари падарҳои тоҷик ҷоҳилу коҳиланд, падари худам дар ҳар хӯрокхӯрӣ фармон медод, ки об оварда, дастони ӯро дар сари дастархон бишӯем, албатта бо ҷону дил об оварда дастонашро мешӯстем, чун дар шароити деҳот чунин корҳо дастӣ иҷро мешаванд, аммо мушкил ин буд, ки об агар сард мебуд ё каме гармтар, нозу карашмааш ба қаҳру ғазаб табдил мешуд, ҳарфҳои носазо ва ҳатто вазъ то сарҳади дастбардорӣ мерасид, ки имрӯз натиҷааш “ҷоҳилу коҳил” хондани падари биологии худ аст!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button