ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

АЙБДОРКУНАНДА АЗ ДОДГОҲ БАРОИ ЖУРНАЛИСТ ХУРШЕД ФОЗИЛОВ 7,5 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРДААСТ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи шаҳри Панҷакент барои журналист Хуршед Фозилов 7,5 соли зиндон талаб кардааст. Мурофиаи парвандаи ин журналист таҳти раёсати раиси додгоҳи Панҷакент рӯзи 25 май дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт. Мурофиаи парвандаи журналист, ки аз 6 март дар ҳабс қарор дорад ва ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад,  рӯзи 26 май дар ҳамин ҷо идома меёбад.

Аз Хуршед Фозилов ду вакили мудофеъ – Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов – ҳимоят мекунанд. Анвар Бобохонов дар додгоҳ иттиҳоми зидди Хуршед Фозиловро беасос ва нафари таҳти ҳимояташро бегуноҳ номида, хостори озод кардани ӯ аз толори мурофиа шудааст. Адвокати дуюм Дилафрӯз Самадова дар додгоҳ рӯзи 26 май суханронӣ мекунад.

Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов, ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз талаби додситон ва суханронии вакили мудофеъ баҳс ба миён омада, ӯ ва модарашро пас аз ду соат интизорӣ ба макони мурофиа роҳ доданд.

“Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд,” – нақл кардааст Хушбахт Фозилов.

Аз Азиза Нуъмонова, модари рӯзноманигор, пурсидаанд, ки оё Хуршед Фозилов ӯро нигоҳубин мекард ё не. “Суол доданд, ки кумаки молӣ менамуд? Гуфтам, фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад. Бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам,” — гуфт Амина Нуъмонова.

Хуршед Фозилов рӯзи 6 марти соли 2023 аз ҷониби кормандони шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуда, ибтидо бо ҷурми гӯё “итоат накардан ба амри кормандони амният” ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд ва сипас бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба боздоштгоҳи Хуҷанд фиристоданд. Раёсати амнияти вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро  рӯзи 10 май ба поён расонд.

Ба зидди Хуршед Фозилов бар асоси як банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ) айб эълон шудааст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи журналист ва наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд. Хуршед Фозилов қаблан ба адвокаташ гуфта буд, ки ӯро бо роҳи фишор ва тарсондан водор кардаанд, ки ба зидди худаш баёноти бардурӯғ дода,  иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъро ба гардан бигирад. Ӯ тавассути адвокаташ ба додситонии вилояти Суғд аз боздошти ғайриқонунӣ ва худсаронаи худ, риоя накардани ҳаққи ҳифзи асрори зиндагии шахсӣ (водор кардан ба кушодани телефон) ва водор кардан ба додани баёнот ба зидди худаш ва ба гардан гирифтани гуноҳи нокарда шикоят карда буд. Маълум нест, ки оё додситонӣ ин шикоятро таҳқиқ кард ё на?

Модари ӯ Азиза Нӯъмонова ахиран, баъди ба додгоҳ рафтани парвандаи писараш ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, бори дигар ҳар навъ ҳамкорӣ доштани писараш бо созмонҳои мамнӯъро рад кард ва аз президент хост, ки парвандаи Хуршед Фозиловро таҳти назорати худ гирифта, барои озод кардани ӯ кумак кунад. Дастгоҳи иҷроияи президент то ҳол ба ин дархости модари Хуршед Фозилов посух надодааст.

Хуршед Фозилов, ки 37 сол ва 4 фарзанд дорад,  журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсон буд ва аз зодгоҳаш шаҳри Панҷакент асосан дар бораи мушкилоти мардуми водии Зарафшон гузориш менавишт. Ӯ дар гузоришҳояш бисёр вақт аз мақомоти маҳаллӣ танқид мекард.

Дар як соли охир Хуршед Фозилов алакай панҷумин журналисти тоҷик аст, ки бо иттиҳоми шубҳаовари “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ба паси панҷара кашида мешавад.Дар тобистони соли 2022 бо айни иттиҳом журналистони мустақили тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дастгир шуданд. Далери Имомалӣ ба 10 сол, Ғурбатӣ ба 7 солу 6 моҳ ва дуи дигар ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳои зидди ин 5 хабарнигори тоҷик ва ҳамчунин ҳукмҳои тӯлонии журналистону блогерҳои зодаи Бадахшонро сиёсӣ ва интиқом барои фаъолияти касбии журналистиву блогериашон медонанд ва озодии онҳоро талаб доранд. Аз ҷумла 5 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ  рӯзи 24 март дар изҳороти муштараки худ ин мавридҳоро “бахше аз саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон” унвон карда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки журналист ва ҳомии ҳуқуқ Хуршед Фозиловро билофосила озод ва таъқиби журналистикаи мустақилро бас кунад.

Душанбе то ҳол ба ин даъватҳо ягон посух надодааст. Тоҷикистон имсол дар раддабандии ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷумла ба далели ҳабси журналистону блогерҳо боз як зина поён рафта, дар байни 180 кишвар дар зинаи 151 қарор гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Раиси аҳзоби сиёсии Осиёи Марказӣ гуяд:

    Ман дар тааҷҷубам, ки чаро ҳизби наҳзати и.т. дар чунин маворид дар даҳон об гирифта, сукути комилро ихтиёр мекунанд. Ҳизби думбурида, тарсӯ, заъиф ва ба тамаъ афтода ҳамин аст. Ҳизбе, ки на барнома дорад, на нақша, на стретагия, на бартарӣ, на пешрафт…фақат корашон Шамсиддина раҳо кунед, Наҷмиддина раҳо кунед, хок бар сар!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button