ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ: ДАР ТАРКИШИ ПАНҶ 28 КАС ЗАХМӢ ШУД, АҲВОЛИ 8 НАФАР ВАЗНИН АСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли 2023 дар як иттилоия хабар дод, ки рӯзи 20 май дар пайи таркиши балони газ дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон 28 нафар захмӣ шуда, дар беморхонаи марказии ин ноҳия бистарӣ гардиданд. “Айни ҳол 8 нафар дар шуъбаи наҷот бо ҳолати вазнин бистарӣ мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат. Ин ниҳод ҳамчунин хабар дод, ки бо дастури вазири тандурустӣ як ҳайъати иборат аз мутахассисони аршади ин вазорт  таҳти роҳбарии муовини вазир Абдухолиқ Амирзода барои табобати осебдидагони ин ҳодиса ба ноҳияи Панҷ сафарбар карда шудаанд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бо маводи доруворӣ, банду баст, безараргардонӣ ва хуну ҷузъҳои он пурра  таъмин карда шуда, барои ташхис ва табобати осебдидагон тамоми шароит, муҳайё карда шудааст.  “Вазъи саломатии осебдидагони ин ҳодиса таҳти назорати қатъии табибон, махсусан роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дорад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи вазорат.

Бино ба хабарҳо, наздики нисфирӯзии 20 май, дар як ошхонаи “пирожки”-фурӯшӣ дар бозори ноҳияи Панҷ таркиш ба амал омад. Расонаҳо дар бораи осеб дидани беш аз 20 нафар дар ин ҳодиса хабар дода буданд. Гуфта мешуд, таркиш замоне рух додааст, ки чанд нафар дар дохили ошхона тановул мекардаанд ва роҳгузарон аз шафати дӯкон мегузаштаанд.

Аммо вазорати корҳои дохилӣ шоми 20 май дар иттилоияаш танҳо ҷароҳат бардоштани соҳиби дӯкон ва ду нафари дигарро тасдиқ кард ва навишт: “20-уми майи соли 2023, тахминан соати 11:30, дар нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, кӯчаи Ҷ. Икромӣ, ки ба шаҳрванд Ҳайдаров Ҳаким Хушбахтович, соли таваллудаш 1958, сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми пур намудани балони гази моеъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷа худи соҳибкори дукон ва 2 нафар шаҳрванд ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад”.

Ин ягона мавриди осеб дидани шаҳрвандон дар Тоҷикистон бар асари таркиши газ нест.

Бозори ноҳияи Панҷ қаблан ду дафъа дучори сӯхтор ҳам шуда буд. Дар як маврид, шаби 2-юми январи соли 2021, тавре тафтишот муайян кард, як сокини ин ноҳия аз ғояти рашк ба ҳамсараш дӯконеро, ки ӯ кор мекард, қасдан оташ задааст ва доманаи оташ 14 дӯкони дигарро дар атроф низ фаро гирифт. Гунаҳкорро дар пайи пардохти ҷуброни расондааш ба як қисми соҳибкорон аз толори додгоҳ озод карданд. Дӯкондорони боқимонда ӯро бахшиданд ва даъво накарданд.

Бори дуюм бозори Панҷ соати сеи шаби 18 феврали соли 2023 ба коми оташ рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button