АфғонистонМинтақа ва ҷаҳон

“БАЪД ГИЛА НАКУНЕД…” ХИТОБИ РАИСИҶУМҲУРИ ЭРОН БА “ТОЛИБОН”: БАҲСИ ОБ Ё ФАРОТАР АЗ ОБ?

Ба назар мерасад, ки байни Эрон ва ҳукумати ҳаракати тундрави “Толибон” дар Афғонистон бар сари истифодаи оби дарёи Ҳилманд як таниши ҷиддӣ дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Мақомоти режими “Толибон” хушку камбориш омадани соли ҷорӣ ва кам шудани оби дарёи Ҳилмандро далели кам додани об ба устони Систону Балуҷистон дар шарқи Эрон меноманд, вале мақомоти Эрон ба ин далели “Толибон” бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Бо назардошти ин ки Эрон то кунун аз режими нави “Толибон” ба далели аз Афғонистон ва минтақа берун кардани нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба сурати нимаошкор пуштибонӣ ва ҳатто “мухлисӣ” мекард, бисёриҳо баҳси оби дарёи Ҳилмандро фаротар аз танҳо як баҳси об мешуморанд.

Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ рӯзи 18-уми майи соли 2023 зимни боздиди худ аз устони Сиистону Балуҷистон ба “Толибон” ҳушдор дод, ки дар мавриди ҳақоба, яъне ҳаққи оби Сиистону Балуҷистон “ҷиддӣ” бошанд ва баъдан “гила” накунанд. Раисӣ замоне “Толибон”-ро таҳдид намуд, ки дар Чобаҳор нишасти вижае дар мавриди норасоии об дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон идома дошт. Раисиҷумҳури Эрон бо як лаҳни таҳдидомез хитоб намуд, ки “мехоҳам ба ҳокимони Афғонистон арз кунам, ки ин сухани бандаро матлаби оддӣ талаққӣ накунанд, бисёр ҷиддӣ бигиранд… Ба масъулин ва ҳокимони Афғонистон ихтор мекунам, ки ҳаққи мардуми минтақаи Сиистону Балуҷистонро сареъан бидиҳанд”.

Ӯ далелҳои пешовардаи “Толибон”, ба мисли наборидани борон дар фасли баҳор ва камборишии фасли зимистонро дар мавриди кам шудани сатҳи оби дарёи Ҳилманд зери суол бурда, афзуд, “агар коршиносони мо ин матлабро таъйид карданд, бисёр хуб, ишколе надорад, дар набудани об мо баҳсе надорем. Аммо агар об вуҷуд дорад, ҳаққи мардуми Сиистону Балуҷистон бояд дода шавад ва мо ба ҳеҷ унвон иҷоза намедиҳем, ки ҳаққи мардум зоеъ шавад. Ҳарфи манро ҷиддӣ бигиред, то баъдан гила накунед”.

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи “Толибон” қаблан гуфта буд, ки “агар борон зиёд шавад, об ба Эрон ҳам мерасад”. Ин суханони ӯ боиси хашми мансабдорони эронӣ гардид. Як намояндаи Маҷлис, ё парлумони Эрон бо эҳсосот дар ҷавоб ба ин гуфтаҳои Муттақӣ хитоб намуд, ки “дар ҳоле, ки сайри муҳоҷират аз шаҳристонҳои Сиистон ба далели мушкили беобӣ суръат гирифтааст, тарафи афғон бо беэҳтиромӣ мегӯянд, “биравед, дуо кунед, то борон биборад”.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар баёнияе, ки дар саҳифаи Твиттери худ мунташир кард, навиштааст, ки “мақомоти эронӣ ибтидо бояд маълумоти худро дар мавриди оби Ҳилманд такмил намоянд ва баъд аз он бо алфози муносиб хосташонро матраҳ кунанд. Агар воқеият дуруст мутолиа нашавад ва чунин изҳорот матраҳ гардад, метавонад фазои сиёсии миёни мардум ва кишварҳои ду миллати мусалмонро осеб бизанад, ки ба нафъи ҳеҷ тарафе нест ва ин набояд такрор гардад”.

Вазири энержӣ ва оби “Толибон” Абдулатиф Мансур низ гуфтааст, ки “об ва ҳар мавзӯи дигаре бояд бо тафоҳум ва роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад ва ҳарфҳои таҳрикомез набояд аз сӯи ҳеҷ касе зада шавад”.

Ин вазири”Толибон” афзудааст, ки “ҳукумати онҳо ба тавофуқи Муҳаммад Зоҳиршоҳ, подшоҳи пешини Афғонистон бо Эрон пойбанд аст ва намехоҳанд, ки кишвари ҳамсоя осеб бибинад. Аммо тарафи муқобил низ бояд шароити хушксолиро дарк кунанд”.

Бар асоси шартномаҳои имзошуда байни Эрон ва Афғонистон, ҷониби Эрон ҳақ дорад солона 850 миллион метри мукааб оби дарёи Ҳилмандро истифода кунад.

Ҷанҷол миёни Эрон ва Афғонистон бар сари истифодаи оби дарёи Ҳилманд дар гузашта низ вуҷуд дошт. Президенти фирории Афғонистон, Ашраф Ғанӣ низ замоне, ки садди “Камолхон”-ро дар Нимрӯз ифтитоҳ мекард, гуфта буд, ки “обро ройгон ба касе намедиҳем. Ҳозир ҳастем, обро бо нафт мубодила кунем”.

Ахиран “Толибон” аз пешрафтҳои назаррасе дар мавриди лоиҳаи “Қӯштеппа”, канале барои интиқоли об аз дарёи Амӯ хабар доданд. Ин бузургтарин лоиҳаи интиқоли об дар Афғонистон нигаронии кишварҳои ҳамсояи шимолии Афғонистонро ба бор овардааст.

Моҳи марти соли 2023 намояндаи вижаи президенти Ӯзбекистон, Абдулазиз Комилов дар мавриди ин тарҳ бо “Толибон” дидор ва гуфтугӯ намуда буд.

Абдуллоҳи Роҳнамо, як таҳлилгари тоҷик ба расонаҳои форсизабон гуфтааст, ки “мавзӯи нав дар баҳси оби минтақа, ин ворид шудани “Толибон” ба ин баҳс аст. … Бо ворид шудани Афғонистон ба баҳсҳои обии минтақа, ҷанг ва низои об ба марҳалаи нав хоҳад гузашт”.

Ҳаракати тундрави “Толибон” моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳлои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва НАТО қудратро дар Афғонистон соҳиб шуд. То кунун ягон кишвар ҳукумати нави Афғонистонро ба расмият нашинохтааст, вале тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа тамосҳои ғайрирасмӣ бо режими нави ҳоким бар Кобулро ба роҳ андохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

4 Comments

  1. Сахобахои гиром хангоми ташнаги аввал ба дигарон обро медоданд…Ин чи гуна режими исломи аст ки ба бародарони исломи обро надихи?

    1. Дуруст гуфтед. Кош ақаллан давлатҳои исломӣ тибқи қонуни Қуръон ва ҳадис кор мекарданд.

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Журналисти мунсиф ва боинсоф бошед гуяд:

    Журналистҳо, вазъи зиндагии балучҳо бадтар аз беобӣ аст. Минтақаи сиистону балучистон даҳҳо ҳазор мушкили дигар дорад, даҳҳо ҳазор маҳрумияти дигар дорад, ки худи режими охундӣ табли шодӣ мезанаду ҳамвора дар фикри мушкилоти нав барои мардуми ин устон аст. Бештарин эъдомҳо дар ҳамин устон будааст, аз ҳар хонавода як ё ду нафар бо ҷурмҳои кардаву нокарда эъдом (иҷрои ҳукми қатл бо роҳи ба дор овехтан) мешаванд. Соли гузашта садҳо нафарро ҳангоми адои намози ҷумъа ҳамлаи мусаллаҳона намуда, даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, ҳамин сипоҳи посдорону басиҷи охундӣ буд. Худи офатуллоҳ хоманаӣ чӣ гуле коштааст, ки аз толибоне, ки натиҷаи сиёсатҳои ғалати хумайнию хоманаӣ будааст, гилла мекунад?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button