ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ШАБИ 17 БА 18 МАЙ ХАТАРИ БОРОНУ ЖОЛА ВА СЕЛУ ЯРЧУ ТАРМА ЗИЁД АСТ, ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шаби 17 ба 18-уми майи соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои шадид ва раъду барқ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои ВМКБ, эҳтимоли ногаҳон боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷанубӣ) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг низ аз эҳтимол дур нест. 
Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ кунанд. Ҳамчунин ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳистон тавсия дода мешавад.  
Ҳамчунин, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳистон ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳову даштҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ, алафу гиёҳҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор, молчаронӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.  
Ғайр аз ин Кумита ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки сари вақт ҷӯву селроҳаҳо, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, то ки оби зиёд бо маҷрои худ ҷорӣ шуда, ба хонаҳои мардум ва майдонҳои кишт зарар нарасонад.

Худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button