ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВО-АҶАБ! ОТАШ ГИРИФТАНИ ЯК НОБОЛИҒ ҲАНГОМИ МАШҚИ ЗИДДИ СӮХТОР (ВИДЕО +18)

Дар Интернет видеое нашр шудааст, ки дар он ҷараёни машқи наҷоти одамон ҳангоми сӯхтор дар як мактаб сабт шудааст. Аммо тавре дар ин навори 36-сониягӣ, ки як нусхаашро ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳам фиристоданд, дида мешавад, наҷотбахшони либоси ҳарбӣ дар тан ҳангоми ба хонандагон таълим додани роҳҳои наҷоти одамон аз сӯхтор худ ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ медиҳанд ва дар натиҷа, либоси як ноболиғ оташ гирифта, пӯсти баданаш месӯзад.

Тавре дар видео дида мешавад, тибқи сенарияи машқҳо як кӯдак бояд бо либоси даргирифта аз даруни сӯхтор берун биояд ва се сӯхторнишон бадани ӯро бо кӯрпа печонда, ин ноболиғро аз сӯхтан наҷот диҳанд. Вале сӯхторнишонҳо оташи либоси бадани ин ноболиғро хомӯш карда наметавонанд ва он бечора бо талвоса худро аввал аз дасти ин “наҷотбахшон” халос карда, мегурезад ва раҳбараҳ худаш либоси даргирифтаро аз баданаш мекашад.

Вале алакай дер шуда буд: Дар навор дида мешавад, ки китфу дастони ин ноболиғ сӯхтааст.

Кай ва дар кадом мактаб сабт шудани навор маълум нест. Вале гӯянда дар ин сабт ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад ва хонандагоне ҳам, ки садояшон ба гӯш меояд, тоҷикӣ суҳбат доранд.

Аҷаб он аст, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса зани раисамонанде ҳам дида мешавад, ки мисли жюри дар пушти як миз нишастааст ва чӣ гуна кӯдакро аз сӯхтор наҷот додани сӯхторнишонҳо ё наҷотбахшонро назорра мекунад.

Мақомот то ҳол ин видеоро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи онҳое, ки ин наворро ба “Бомдод” фиристоданд, ин шабу рӯз дар муассисаҳои гуногун дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мактабҳо машқҳои омодагӣ ба заминларза ва наҷоти одамон ҳангоми сӯхтор идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button