АфғонистонВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ҲАБСИ САРВАЗИРИ СОБИҚИ ПОКИСТОН ИМРОНХОН БО ИТТИҲОМИ КОРРУПСИЯ (ВИДЕО)

Имронхон, ситораи собиқи крикет (як варзиши монанд ба чавгонбозӣ), сарвазири собиқи Покистон ва раҳбари ҳаракати оппозитсионии Таҳрики Инсоф, ки ҳоло 70 сол дорад, рӯзи 9 майи соли 2023 дар бинои додгоҳи олии Исломобод аз сӯи кормандони Дафтари миллии масъулият, як ниҳоди масъули мубориза бо коррупсия дар раддаҳои болоии ҳукумати Покистон, ба ҳабс гирифта шуд. Дар видеоҳои нашр шуда дида мешавад, ки атрофи бинои додгоҳи олии Исломободро даҳҳо корманди пулис печонидаанд ва кормандони Дафтари миллии масъулият Имронхонро аз чор тараф бо сипарҳо иҳота карда, аз бинои додгоҳ берун мебароранд ва ба мошини зиреҳпӯши рангаш сиёҳ савор карда, бо худ мебаранд.

Баъдан гузориш омад, ки Имронхон алакай ба бинои Дафтари миллии масъулият дар шаҳри Равилпинди, шаҳре дар канори Исломобод, ки аксари идораҳои давлатӣ дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд, оварда расондаанд ва ӯ ҳоло дар ин ҷо таҳти бозпурсӣ қарор дорад.

Нозири кулли пулиси Исломобод доктор Акбар Носирхон боздошти Имронхонро тасдиқ карда, ба хабарнигорон гуфтааст, ки авзоъ таҳти назорат қарор дорад.

Бино ба хабарҳо, Имронхон ба додгоҳи олии Исломобод барои он омада буд, ки барои дигар парвандаҳои ҷиноятии ба зиддаш бозшуда пули гарав бисупорад ва шиносномаи биометрикиашро пас бигирад. Пас гирифтани шиноснома ба Имронхон имкони анҷоми сафар ба хориҷро медод.

Вале дар бинои додгоҳ маълум шуд, ки  раҳбари Дафтари миллии масъулият генерал-лейтенанти мустаъфӣ Назир Аҳмад Бутт ҳанӯз рӯзи 1 май амри ҳабси Имронхонро дар робита ба парвандаи тасарруфи маблағҳо аз бунёди “Ал-Қодир траст” содир кардааст ва зердастони генерал Бутт дар додгоҳ мунтазири омадани ӯянд, ки боздошташ кунанд.

Покистон яке аз давлатҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ба шумор меравад ва Дафтари миллии масъулият маҳз барои решакан кардани ин мараз дар ин кишвар ташкил шудааст.

Имронхон (Имрон Аҳмадхон Ниёзӣ) 5 октябри соли 1952 дар Лоҳур ба дунё омада, то миёнаи солҳои 90 ситораи машҳури варзиши крикет ва солҳои зиёд капитани тими миллии Покистон буд.  Баъди тарки майдони варзиш, Имронхон ба майдони сиёсат омад ва ҳаракати Таҳрики Инсофро ташкил дод, ки бо шиорҳои мубориза бо коррупсия маҳбубият ва тарафдори зиёд пайдо кард. Соли 2018 дар пайи пирӯзии Таҳрики Инсоф дар интихобот, Имронхон ба мақоми сарвазирӣ нишаст ва раҳбари ҳукумати эътилофии Покистон шуд. Дар аҳди раёсати ӯ муносибатҳои Покистон бо шарики қадимиаш Амрико бад шуд. Ҳамчунин дар аҳди Имронхон буд, ки қудрат дар Афғонистон ба дасти гуруҳи тундрави Толибон гузашт. Бисёриҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мутмаинанд, ки Толибон бо кумаки Покистон ва ҳукумати таҳти раҳбарии Имронхон тавонистанд ба қудрат  даст биёбанд.

Имронхон 10 апрели соли 2022 дар натиҷаи раъйи адами эътимоди парлумон ба ӯву ҳукуматаш аз қудрат барканор карда шуд. Худи ӯ барканориашро “натиҷаи тавтеаи Амрико” меномад. Дар пайи рафтанаш аз мақом ба зидди Имронхон даҳҳо парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла бо иттиҳомоте, чун терроризму ташкили бетартибиҳо кушоданд. Имронхон бо талаби баргузории интихоботи пеш аз муҳлат чандин раҳпаймоии эътирозӣ ташкил кард ва 3 ноябри соли 2022 дар яке аз чунин раҳпаймоиҳо дар Вазиробод ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт ва аз пояш чанд тир хӯрд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Академики академияи Олии илмҳо гуяд:

    Ин чӣ шармандагӣ аст, ки дар покистон ҳам ҳукумат “хонаводагӣ” шудааст. Айбу шарм нест, магар? Дар чанд даҳҳаи охир чанд сарвазир ва чандин мансабдори баландпоя аз як хонавода ба қудрат расиданд. (Осиф Алӣ Зардорӣ, Навоз Шариф, Шаҳбоз Шариф). Интихоботи шаффоф ку? Демократия ку? Ҷумҳурии исломӣ ку? Қонуну тартиботи башарӣ ку? Хидмат ба мардум ку? Адолат ку? Магар шумо нав истиқлол ёфтед? Ин худхоҳӣ чӣ маънӣ дорад? Оё покистон сарзамини пок нест дигар? Мо аз эмомалӣ шикоят мекунем, ки ҳукуматро ғасб карда, хонаводагӣ кардааст, шумо покистониҳо ба оташи эмомалӣ равған мепошеду умри қудраташро дароз мекунед, афсӯс-сад афсӯс!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button