ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

МУДИРИ БОҒИ ХОРУҒРО БА МАҲБАСИ №7 (“ЯКУМ СОВЕТСКИЙ”) ИНТИҚОЛ ДОДААНД

Бекназар Бекназарови 27-сола, гуштингири шинохта ва мудири “Чорбоғ”, боғи марказии шаҳри Хоруғро ба 13 соли зиндон маҳкум карда, ахиран ба маҳбаси №7 дар шаҳри Душанбе, ки бештар бо номи “маҳбаси Якум Советский” маъруф аст, интиқол додаанд. Дар ин бора рӯзи 3 майи соли 2023 журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, мурофиаи парвандаи Бекназаров моҳи феврали соли 2023 дар СИЗО шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста гузашт . Бино ба иттилои расман тасдиқношуда, додгоҳ Бекназаровро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в”  ва 188, қисми 1 дар авбошӣ ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ гунаҳкор шинохт.

Бекназар Бекназаров моҳи июни соли 2022, дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон бо ёрии силоҳ ва нирӯҳои вижа аз ҷониби маъмурони КДАМ дастгир шуда буд.

“Тафтиши парвандаи Бекназаров мисли мурофиааш ба сурати баста ва бидуни дастрасӣ ба адвокати мустақил гузашт. Ба наздикони ӯ дар бораи парвандаи ҷиноятиаш ягон тафсилот надодаанд. Мақомот Бекназаровро дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ айбдор карданд, вале маълум нест, ки чӣ далелҳоеро барои исботи ин пеш овардаанд?” –  менависад Анора Саркорова.

Бекназар Бекназаров 10 апрели соли 1996 ба дунё омада, номзад ба устодии варзиш дар гуштини тарзи озод буд ва дар чандин мусобиқаҳои гуштин сазоври медалу ҷоизаҳо гардида буд. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси ризокор (волонтёр) кор мекард ва 5 забони хориҷиро медонист. Бино ба иттилои Саркорова, мақомот баъди боздошташ мошини Бекназаровро мусодира карданд. Падари ӯ Султонназар Бекназаров моҳи ноябри соли 2022 баъди аёдати фарзандаш дар СИЗО шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон  мавҷи нави эътирозҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижа ва силоҳҳои ҷангӣ саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо ва баъд беш аз 30 нафар кушта ва ҳудуди 200 тани дигар дастгир шуданд.  Аксари ин дастгиршудагон ба солҳои тӯлонии зиндон, аз ҷумла дастикам 8 нафар аз зодагони Бадахшон, бо шумули генерал Холбаш Холбашев ва Толиб Аёмбеков бо як писараш ба ҳабси умрбод маҳкум шудаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид, аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки таъқиби помириҳоро бас карда, баракс онҳоеро, ки дар қатлҳои худсарона ва таъқиботи ғайриқонунии зодагони Бадахшон даст доранд, ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки зодагони зиндонишудаи Бадахшон аъзои “гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ” буданд ва бо дастури “созмонҳои ифротию террористии дар хориҷ аз кишвар қарордошта” мехостанд вазъиятро дар Бадахшон ва дар умум дар Тоҷикистон ноором бисозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button